Азиза Саидова
Корхонаи бузургтарини истеҳсоли семент дар Тоҷикистон – «Тоҷиксемент» пас аз танаффуси қариб якмоҳа дубора ба фаъолият шурӯъ кард. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, айни замон кор дар корхона шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудаааст.
Бино ба иттилои манбаъ, феълан ба корхона 6000 м3 гази табиӣ дар як соат интиқол дода мешавад, ки чунин миқдор танҳо барои таъмини як хумдони корхона басанда аст. ҶСК «Тоҷиксемент» бо ҳамин миқдори газ метавонад дар як шабонарўз 600 тонна семент истеҳсол намояд,-афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 1-уми апрел дар пайи қатъ шудани интиқоли гази Ӯзбакистон фаъолияти корхонаи «Тоҷиксемент» манъ гардида буд.