Categories Uncategorized

Издивоҷи зани амрикоӣ бо падари хеш

Абдулғанӣ Абдулваҳҳоб

nahzat.tj

Валлери Сюпервел, зани амрикоӣ шашсол баъд аз фавти ҳамсараш огаҳӣ ёфт, ки бо падари худ оиладор будааст.

Бино ба иттилои хабаргузории “alarabiya.net”  Валлерия 60-сола буда,  дар иёлоти Огайои ИМА умр ба сар мебарад.

Манбаъ меафзояд, модари Валлерия як пешхидмат буда, аз он лиҳоз, ки имконияти бо худ бурдани фарзандашро надошт, ӯро назди падару модари хеш мегузорад ва ҳаргоҳ, ки аз мақарри кори худ ба зиёрати волидайнаш ояд, Валлерияро низ медидааст. Аммо волидайнаш ба Валлерӣ мегуфтаанд, ки  ин зан яке аз дӯстони онҳост.

Ҳаминтариқ вақте, ки бобои Валлерия вафот мекунад, ӯ хаёл менамояд, ки падарашро аз даст додааст ва нафаре ҳам ба ӯ ҳақиқатро намегӯяд. Валлерия бо гузашти солҳо бо ронандае бо номи Персӣ шинос гардида, бо ӯ издивоҷ мекунад. Персӣ баъди чанд сол аз сабаби беморие вафот менамояд ва Валлерия низ оҳиста-оҳиста дар бораи издивоҷи худ аз дӯстонаш замзамаҳоеро мешунид.

Танҳо баъди гузаштани шаш сол аз вафоти ҳамсараш-Персӣ амакаш ба Валлерия ҳақиқатро ифшо менамояд, ки дар воқеъ ӯ бо падари худ издивоҷ карда будааст .

Валлерия дар аввал ба ин суханҳо бовар накарда, барои итминон бахшидани қалби худ ба озмоиши DNA муроҷиат мекунад. Валле мутаассифона, озмоиш низ ҳақиқат доштани суханони амакашро таъйид намуд.

Тибқи иттилои манбаъ Валлерия баъди шунидани ин суханҳо ба бемории равонӣ дучор гардида, феълан дар беморхонаи малли зисти худ қарор дорад.

More From Author

You May Also Like