Абдусамади Раҳмон
nahzat.tj
Ширкати «BHEL»-и Ҳиндустон тасмим гирифтааст, ки нерӯгоҳи Зарафшонро бунёд намояд. Дар ин масъала Вазорати энергетика ва саноати кишвар ва ширкати «Bharat Heavy Electricals Limited» (BHEL) дар шаҳри Деҳлӣ созишномаи пешакӣ оид ба сохтмони нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшонро бо иқтидори 100 мВт имзо намуданд.
Ба иттилоъи сайти ширкати «BHEL», ширкат таҷрибаи кории худро барои лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар Тоҷикистон бо пешниҳоди беҳтарин роҳи ҳалли технология амалӣ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ширкати «BHEL» дар 21 кишвари ҷаҳон барои ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқии обӣ бо иқтидори 9000 мВт мусоъидат кардааст. Ва дар 20 кишвар лоиҳаҳои барқиро бо тавлиди таҷҳизотҳо роҳандозӣ менамояд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чанд сол пеш бо фишори мақомоти Ӯзбакистон, Ҷумҳурии Мардуми Чин аз ин лоиҳа даст кашида буданд.