Хабаргузориҳо дар гузоришҳои худ баён доштаанд, ки полиси Амрико созандаи филми “Бегуноҳии мусалмонон” – ро ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки пас аз эҷоди ин филм ва намоиши он дар аксар кишварҳои исломӣ ва арабӣ тазоҳуроти густурдае ба амал омад. Ҳамзамон пайи тазоҳуротҳо дар кишварҳо сафорату консулгарии Амрико мавриди ҳамла қарор гирифт.
Ба гуфтаи манбаъҳо, шахси гумонбаршуда 55 сол дорад, ки аслан аз мардуми масеҳиёни қибтии мисрӣ мебошад. Вай айни замон дар ҷануби Калифорния ба сар мебарад.
Лозим ба ёдоварист, ки агарчи филми мазкур як филми ҳирфаӣ ва бидуни арзишҳои ҳунарӣ ба роҳ монда шудааст, аммо интишори бахше аз он дар интернет боиси баргузории тазоҳуроте дар Миср ва Либя шуд.
Дар натиҷа консулгарии Амрико дар Банғозӣ, чор нафар амрикоӣ, аз ҷумла сафири ИМА ва теъдоде аз муҳофизони либёӣ, ки сафоратро муҳофизат мекарданд ба дасти афроди мусаллаҳ кушта шуданд.
Ҳамзамон тазоҳуроти мардуми мусалмон то ҷое расида, ки имрӯз дар бештар кишварҳо парчами Амрико ба оташ кашида мешавад ва консулгариҳову сафоратхонаҳои ин кишвар мавриди ҳамлаи тазоҳуркунандагон қарор мегиранд.