Categories Uncategorized

Иқтисоди Тоҷикистон имсол рақобатпазир шудааст?

Орзуи Мирзо

nahzat.tj

Тибқи гузориши нави Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ, Тоҷикистон дар феҳрасти рақобатпазирии иқтисоди кишварҳои ҷаҳон дар 100-ум қарор гирифтааст, ки дар муқоиса бар соли гузашта панҷ зина болотар баромадааст.

Бар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи ин Форум дар соли равон иқтисоди Швейдсария дар ҷаҳон аз ҳама зинаи боло ва рақобатпазир ба ҳисоб рафтааст. Кишвари Сингапур ва Финландия дар мақомҳои дувум ва севум ҷой гирифтаанд.

Аз давлатҳои ба Тоҷикистон ҳамсоя иқтисоди Қазоқистон пешрафта дониста шуда, дар зинаи 51 қарор гирифтааст, ки дар муқоиса бар соли 2011 21 зина болотарро касб кардааст. Озарбойҷон дар зинаи 46 ва Қирғизистон дар мақоми 127-ум қарор дода шудааст.

Аз миёни кишварҳои дар ҳоли рушдёфта, Чин аз ҳама боло дар зинаи 29 қарор гирифта, Эрон дар мақоми 66 ва ҷойгоҳи Русия низ пойинтар шуда, дар соли ҷорӣ ин кишвар дар зинаи 67 қарор гирифтааст.

More From Author

You May Also Like