nahzat.tj
Дар шаҳри Алматои Қазоқистон аз 30 май то 3 июн мусобиқаи осиёӣ дар заминаи гуштии фарангӣ (юнону румӣ ) баргузор шуд.
Дар ин мусобиқот беш аз 70 варзишгар дар се навъи гуштӣ – гуштии фарангӣ, гуштии озод ва гуштии занона, ки шомили бозиҳои олимпӣ ҳастанд, бо ҳам рақобат кардаанд.
Гӯштигирони ҳашт кишвари осиёии Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва Куриё дар ҳашт вазн дар мусобиқа ширкат доштанд.
Манучеҳр Алоев, варзишгари тоҷик, дар вазни 84 килограм дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон мақоми аввалро касб карда ва бо медоли тилло ба ватан баргашт.
Ҳабибулло Абдуллоев, мураббии куштии мадрасаи маҳоратҳои варзишии шаҳри Душанбе, ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст.
Варзишгари дигари тоҷик, Азизбек Шарифзода, дар вазни 55 килограм мақоми панҷумро дар ин мусобиқа ба даст овардааст.
Мақоми дуюмро Қиёс Ҳасанов аз Туркманистон ва мақоми сеюмро Тимур Тошмагамбетов аз Қазоқистон ва Маҷид Алиёрӣ аз Эрон гирифтаанд.
Солҳои охир мувафақиятҳои тими варзишгарони кишвар назаррас аст ва онҳо соҳиби мақомҳои авввал мегарданд.