Categories Uncategorized

Расул Боқиев: Омодагиам ба «Лондон-2012» ба сабаби беморӣ ва нарасидан маблағ хуб набуд

Мусоҳиб, Шоҳ Абдӣ

«Наҷот»

Таври маълум, Тоҷикистон дар Олимпиадаи «Лондон-2012» соҳиби як медали биринҷӣ шуд, ки он ҳам бино бар ҷаҳду талоши муштзандухтари тоҷик Мавзуна Чориева ба даст омад. ҲНИТ, ки дар Рӯзи ҷавонон ҷиҳати бо тӯҳфа сарфароз гардонидани иштирокчиёни олимпиада эълон дошта буд, 24 август ин маросимро доир кард. Баъди маросим сӯҳбате доштем бо ҷавонпаҳлавони тоҷик дар риштаи дзюдо, Расул Боқиев, иштирокчии дигари ин олимпиада. Фикр намекунам, Расул Боқиев ниёз ба муаррифӣ дошта бошад, зеро маҳорату ҳунарнамоии ӯ дар мусобиқоти дохиливу хориҷӣ кайҳо боз ӯро муаррифӣ намудаанд.

– Бо назардошти ин, аввалин суолам аз Расул Боқиев ин буд: Шумо дар бозиҳои Осиё дар соли 2008 медали биринҷӣ ба даст оварда будед ва имсол ҳам дар олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Лондон ширкат варзидед, бино бар ин, лутфан бигӯед, ки ин ду сабқат аз ҳам чӣ тафовут доштанд?

– Фарқияти олимпиадаҳо танҳо дар тамрин буд. Қабл аз олимпиадаи соли 2008 банда дар чорабиниҳои варзишӣ, мусобиқоти байналмилалӣ ширкат ва тамрин мекардам. Вале то олимпиадаи соли 2012 дар мусобиқоту олимпиадаҳои варзишӣ камтар иштирок намудам ва ин ҳамаро сабаб бемор шуданам буду нарасидани маблағ.

– Дар ин миён ягон воситае пайдо нашуд, ки ишколи Шуморо дар ростои маблағ рафъ созад?

– Ба қадри имкон маблағгузорӣ карда мешудам, вале маблағ сари вақт дода намешуд.

– Агар махфӣ набошад, Шуморо кӣ маблағгузорӣ мекард ва низ мекунад?

– Банда моҳи феврали соли 2010 бо корхонаи «Талко» шартнома имзо намудам, ки тибқи он, корхонаи мазкур бояд тӯли 4 сол, то бозиҳои олимпиади Лондон манро сарпарастӣ мекард. Аввали соле ки шартнома миёни ман ва «Талко» баста шуд, дастгирӣ хуб буд ва инчунин ҳама ниёзҳои ман бароварда мешуданд: дар шаҳри Маскав машқҳоямро хуб мегузаронидам, мураббӣ, духтур, фармоколия доштам ва хулоса, он шароитеро, ки варзишгарони касбӣ тақозо менамоянд, барои ман муҳайё буд.

Вале баъд аз 4-5 моҳ бар мабнои бурузи баъзе масоил дар «Талко» дигар он гуна шароит фароҳам оварда нашуд, ё ба ибораи дигар, тавре дар боло гуфтам, маблағгузорӣ мешудам, аммо на сари вақт. Масалан, мусобиқаҳо доир мешуданду ман бояд дар онҳо иштирок меварзидам, аммо бинобар он ки маблағ набуд, дар онҳо ширкат карда наметавонистам. Барои ҳамин метавонам гӯям, ки дар баъзе аз таморин ва ширкат дар сабқатҳо қафо мондам.

– Алъон мӯҳлати шартнома ба охир расида ё…?

– Шартнома то моҳи декабри 2012 амал хоҳад кард.

– Баъди бозгашт аз мусобиқоти Лондон, сармоягузори Шумо ҷиҳати идомаи тамрин чӣ гуфт?

– Ҳоло бо сармоягузор вонахӯрдаам.

– Овозаҳое буданд, ки «ТалКо» Мавзуна Чориеваро тӯҳфа хоҳад кард, вале нисбат ба тӯҳфаи Шумо аз ҷониби ин ширкат чизе гуфта намешавад…

– Дар ин маврид чизе намедонам. Вале баъди бозгашт аз олампиада, байни мардум овозаҳое буданд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ман як худрав тӯҳфа мекардааст. Баъзеҳоро, ки занг зада, ҷиҳати воқеияти ин эълони ҲНИТ манро пурсон мешуданд, ҷавоб медодам: «Ҳоло ин овоза аст ва доир ба ин масъала чизе гуфта наметавонам.»

Аммо дирӯз (мусоҳибаи мо як рӯз баъд аз гирифтани тӯҳфаи ҲНИТ доир шуд.- Ш. А.) Ҳизби наҳзат овозаро ба ҳақиқат табдил дод, яъне маро як худрави тамғаи «Toyota camry» тӯҳфа кард, ки аз эшон хеле миннатдорам.

– Чаро Шумо ба ваъдаи Ҳизби наҳзати исломӣ бовар надоштед?

– Зеро касе аз масъулини ҲНИТ роҷеъ ба ин масъала худи манро чизе нагуфта буд, ба ин маънӣ ки маро дар ҷараён нагузошта буданд. Вақте маро ба ҳизб даъват карданд, он вақт ҳам гуфтанд, ки бо варзишгарон – иштирокчиёни Олампиадаи «Лондон–2012» вохӯрӣ сурат мегирад ва ба эшон тӯҳфа дода мешаванд. Бо шунидани ин даъват ҳам пиндоштам, ки як вохӯрие хоҳем дошт, на бештар аз ин, аммо…

– Пас, метавонем гӯем, ки тӯҳфаи ҲНИТ ба Шумо армуғон буд?

– Бале.

-Магар тӯҳфаи ҲНИТ аввалин тӯҳфаи ҳаминсола барои Шумо буд?

– Бале, баъди бозгашт аз бозиҳои олимпиадаи Лондон аввалин ниҳоде, ки моро тӯҳфа кард, ҲНИТ буд.

Баъдан, Қурбон Раҳматов, як ҷавонмарди тоҷик низ барои ширкат дар бозиҳои олимпики Лондон моро бо тӯҳфа қадрдонӣ кард.

– Фазои вохӯрӣ ва рӯҳияи ҳуззори толори ҲНИТ- ро зимни вохӯрӣ бо варзишгарон чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

– Эшонро офарин мегӯям, зеро мардум бо ҳузури худ дар ҲНИТ моро дилбардорию дастгирии маънавӣ карданд.

Як сухани хуб барои ман як ҷаҳон тӯҳфа аст. Вақте бо ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ дар ин ё он ҷо ки вомехӯрдем, ӯ ҳамеша маро дилбардорӣ менамуд. Суханҳои ӯ ҳамеша барои ман муассир буданд.

Дирӯз ҳам сухани ӯ, ки гуфт, мабодо ин тӯҳфаҳо боис шаванду шумо аз тамрину варзиш даст каше два боз нашавад, ки тӯҳфаҳо шуморо аз хутути варзишгарон дур созад. Аввалан, шумо варзишгар ҳастед ва бояд машқу тамрини худро идома бидиҳед, маро таъсири ҷиддӣ расониданд. Зимнан ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ се тоифаеро номбар кард, ки агар маҷлисгардӣ намоянд, касбияти худро аз даст медиҳанд. Бо гуфтани ин се тоифа ӯ варзишгар, мулло ва санъаткорро дар назар дошт.

Ин сухан, албатта, барои ман як панди муассире буд ва иншоаллоҳ, ки таморини худро идома хоҳам дод.

– Қабл аз сурат гирифтани маросими тӯҳфасупорӣ, Ҳизби наҳзати исломиро чӣ гуна мешинохтед ва онро чӣ гуна тасаввур мекардед?

– Ин ҳизбро ҳамчун ташкилоте мешинохтам, ки ба масоили динӣ сарукор дорад. Баъдан, бояд гӯям, ки танҳо номи Ҳизби наҳзати исломиро шунида будам, ҳамкории дигаре бо ин ҳизб надоштам ва низ ба ғайр аз он ки як худрав тӯҳфаам кард, кӯмакам накардааст.

Қаблан ҳизбро намешинохтам, вале бо вуҷуди ин вақте бори аввал вориди ин даргоҳ шудам, наҳзатиён маро мошин ҳадя карданд.

Имрӯз на танҳо тасаввуроти ман, балки тасаввуроти мардуми дигар ҳам нисбат ба ин ҳизб дигар шудааст. Яъне мардум дарк кардаанд, ки ин ҳизб дар ободии кишвар ва дастгирии қишрҳои мухталифи ҷомеа саҳм дорад. Тавре раиси ҳизб иброз дошт, варзишгарон ягона қишре набудаанд, ки ҲНИТ онҳоро кӯмак карда бошад, балки дигар қишрҳоро низ ин ҳизб мадад расонидааст.

– Тавре Шумо ёдовар шудед, баъзе вохӯриҳои тасодуфие бо Муҳиддин Кабирӣ доштед. Ҳамон вақт медонистед, ки Муҳиддин Кабирӣ раиси ин ҳизб аст?

– Бале, ман менодистам, ки Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ аст, аммо шиносоии наздик надоштем ва бори дигар таъкид мекунам, ки он ҳама вохӯриҳои ман бо ӯ тасодуфӣ буданд.

– Охири сол шартномаи Шумо бо «ТалКо» хотима меёбад. Баъд аз он дар ростои дарёфти сарпараст чӣ ният доред?

– Фикр мекунам, рӯзҳои наздик бо сарпараст вохӯрӣ дорем ва баъд аз дидор муайян хоҳад шуд, ки шартномаи ман бо ширкат тамдид мешавад ё не. Дар вохӯрӣ, албатта, ҳарду ҷониб пешниҳодҳои худро ироа мекунанд.

– Шумо чӣ пешниҳодҳое хоҳед кард?

– То бозиҳои Осиё, ки ду соли дигар боқӣ мондааст, бояд омода шуд. Бинобар ин, фароҳам овардани шароити тамрин пешниҳоди ман хоҳад буд.

– Агар «ТалКо» шартномаро тамдид накунад, Шумо имкони бидуни сарпараст тамрин карданро доред?

– Варзишгар тамоми ҳаёти худро бо машқ сипарӣ мекунад. Бинобар ин, мо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи олимпӣ дорем. Ин кумитаҳо бояд варзишгаронро дастгирӣ намоянд. Албатта, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ феълан моро дастгирӣ карда истодааст ва Худо кунад, ки чунин кӯмакҳо зиёд шаванд.

Ин хоҳиш, яъне кӯмаки варзишгаронро танҳо хоси худам намедонам, балки таманно дорам, ки кулли варзишгарон дастгирӣ ёбанд. Варзишгарони ҷавони мӯҳтоҷ ба дастгирӣ зиёданд, эшонро дастгирӣ кардан лозим аст. Аммо ба фикри ман, бештари вақт дар ин росто мо хато мекунем. Иштибоҳи мо дар он аст, ки ҳама корхонаву ташкилотҳо интизори ҷоиза ва медал ҳастанд. Вақте дидем, ки варзишгар бо медал ба Ватан баргашт, ӯро мукофоту ҷоиза медиҳем ва даъвату дилбардорияш менамоем. Ҳол он ки як-ду сол пеш аз мусобиқот варзишгарро бояд кӯмак кард, то ӯ тавониста бошад, ки мушкилоташро ҳал намояд. Баъд аз чунин як дастгирӣ метавон, ки аз варзишгар медалу пирӯзиро интизор шуд. Вале ҳоло бубинед, як варзишгар бо ҷаҳду талоши худ, бо паси сар кардани машаққатҳои зиёд соҳиби медал ки шуд, баъд ӯро қадрдонӣ мекунем.

– Шумо аз кӯмакҳои кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳию олимпӣ ёдовар шудед. Магар ин кумитаҳо наметавонанд, ки кулли сарпарастии варзишгаронро ба ӯҳда бигиранд?

– Кумитаҳо тамоми варзишгарони Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд. Вале аслан бояд ин корро федератсияҳо кунанд. Федереатсияҳо дар ҷустуҷӯи сарпарастҳо бошанд. Ин система дар тамоми дунё ҳамин хел аст.

Бо вуҷуди ин ҳама бояд бигӯям, ки варзишгарон дар омодагӣ барои ширкат дар бозиҳои Лондон нисбат ба ширкат дар бозиҳои Пекин ду – се маротиба зиёдтар дастгирӣ шуданд ва дар Пекин мо соҳиби ду медал шудем. Аммо он солҳо мардуми мо бо олимпиада кам ошно буданд ва намедонистанд, ки олимпиада чист.

-Баъди бозгашт аз Лондон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ё Кумитаи олимпӣ ҷиҳати кӯмак барои беҳтар шудани шароити таморин ба Шумо то ҳол чизе нагуфта?

– Бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вохӯрда, ба ҷаноби Маликшоҳ Неъматов нақшаи худро пешниҳод кардам. Раис ваъда доданд, ки шурӯъ аз соли 2013 кумита манро дастгирӣ менамояд.

Бинобар ин, умедворам, ки кумита манро мадад мерасонад, зеро солҳои гузашта ҳам кӯмак карда буд ва барои ин кӯмакҳо аз раиси кумита миннатдории худро баён мекунам.

– Маъзарат, оқои Расул, мехостам дар робита ба канор рафтанатон аз майдони гӯштин ва иллатҳои он мухтасаран маълумот медодед барои хонанда…

– Дар вохӯрӣ бо паҳлавони Ҷопон, ки дар ахирин олимпиадаи ҷаҳонӣ қаҳрамон, номзад ба медали тилло шуда буд, шояд ба иштибоҳ роҳ дода шуд.

Ростӣ, аввалан, фикр мекардам, дзюдочии ҷопонӣ маҳорати олӣ дорад ва нерӯманд ҳам ҳаст, бинобар ин гӯштинро бо як қувваи калон оғоз намудам. Вале вақте дидам, ки дар ростои иҷроиши усул ва маҳорат аз ӯ бартарӣ дорам, ба ин хулосае расидам, фикри аввалаам нисбат ба паҳлавони ҷопонӣ ботил будааст. Бо вуҷуди ин бо кадом сабаб буд намедонам, аввалин огоҳиро ба ман доданд. Баъдан, шояд иштибоҳи доварон буд, ки чун ҳарифам маро аз майдон ба берун тела медод, маро огоҳӣ доданд. Ҳол он ки тибқи меъёрҳои навин дар дзюдо, бояд ҳарифам огоҳонида мешуд. Агар ман худам аз гилеми гӯштин берун мебаромадам, албатта, огоҳӣ бояд ба ман дода мешуд, вале вақте ман ҳаракат мекардам, ки дар дохили майдон бошам, баръакс ҳарифам маро ба берун тела медод. Аз дигар рӯ, бо вуҷуди ин ҳама қоидавайронкуниҳои рақибам бояд огоҳӣ дода намешуд, зеро дар сонияҳои охири гӯштин паҳлавон набояд огоҳӣ дода шавад. Дар чунин ҳол, моро гуфтанд, ки гӯштинро оғоз намоеду котибони кул, ки дар назди компютерҳо нишаста, бо доварон дар алоқа ҳастанд, доварро гуфтанд, ки раванди гӯштинро манъ карда, паҳлавони Тоҷикистонро огоҳӣ диҳад. Бинобар ин огоҳиям доданд.

То ҳанӯз ман нафаҳмидам, ки чаро дар охири бозӣ чунин як «бозӣ» сурат гирифт. Ҳол он ки дар дақиқаҳои охирин ҳаракат доштам, то ҳарифамро мағлуб намоям.

– Дар чунин ҳол, чаро Шумо шикоят накардед?

– Ман наметавонистам ин корро кунам, зеро варзишгар, гӯштингир чунин як ҳақро надорад. Бояд ин корро федератсия, мураббӣ ва доварҳо мекарданд, вале аз сабаби он ки мо дар сатҳи байналмилалӣ довар надорем, федератсияи мо, ки нерӯманду дар сатҳи байналмилалӣ фаъолият наменамояд, ба ин гуна даъвоҳои мо касе эътибор намедиҳад.

– Кунун риштаи сухан аз Шумост, то он масоилеро, ки мо сарфи назар кардем, гуфта бошед…

– Мехостам бигӯям, ки агар сарпарастҳои варзиши Тоҷикистон бештар шаванд, боз ҳам вазъи варзишу варзишгарони мо беҳтар мешавад ва гузашта аз ин шодиву сурури ҷавонон ва варзишгарони мо бештар хоҳад шуд. Сарпарастон ҷиҳати гузаронидани мусобиқоти дохили кишвар бояд кӯмак кунанд, ҳисси миллатдӯстиву ватанпарварии худро нишон диҳанд, тавре ки ҲНИТ амал кард.

Бунёдкории кунунии мо алъон ҷаҳонӣ нашуда ва ҳамчунин уламои ҷаҳонӣ дар ин ё он риштаи илм низ надорем, то эшон моро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Дар қиболи ин варзишгаронанд, ки дар мусобиқоти ҷаҳонӣ парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд. Дар ҳамин ҳол, вақте дар мусобиқот бо варзишгарони дигар ҷамоҳир ҳамсӯҳбат мешавем, шукрона мекунем, ки имсол як медал ба даст овардем, ҳамчунин умед менамоем, ки солҳои дигар Тоҷикистонро на танҳо 16 варзишгар балки зиёда аз ин муаррифӣ мекунанд.

Бубинед, соли 2008 13 иштирокчии олимпиада доштем, имсол ин теъдод ба 16 нафар расид. Аз ин бармеояд, ки мо дар соҳаи варзиш пеш рафта истодаем, бинобар ин танҳо варзишгаронро кӯмак лозим аст. Агар варзишгарони тоҷик ҷиддӣ дастгирӣ ёбанд, умед дорам, ки моро на як медал, балки медалҳо насиб мешаванд.

Агар сарпарастони варзиш бештар шаванд ва зимни мусобиқоти дохилӣ ба ҷавонон тӯҳфа пешниҳод шавад, ин ҳама боиси ҳавасмандгардонии ҷавонон ба варзиш мешавад. Масалан, ҷавонони варзишгарро бинобар ба даст овардани пирӯзӣ на ифтихорнома, балки либоси хосси гӯштингирӣ (кимоно) диҳанд, боз ҳам завқи ҷавонон ба варзиш бештар мешавад. Илова бар ин дар натиҷаи афзудани сарпарастон федератсияҳо ва кумитаҳо нерӯманд мешаванду имконот зиёд.

Бубинед, Ҷумҳурии Ӯзбакистон дар як худи вазни 73 кило се нафар варзишгар дорад, ки ҳар сеи онҳо ҳам бо якдигар хеле хуб гӯштингирӣ менамоянд ва ҳар сеи ин варзишгарон дар кулли чорабиниҳо новобаста аз сатҳи онҳо иштирок менамоянд ва ба мусобиқоти ҷаҳонӣ омодагӣ мегиранд. Ва ин ҳама имконот онҳоро бар маҳзи вуҷуди буҷа ба даст омадааст.

Кумитаи мо, ки чунин имкон надорад, дар вазни 73 кило танҳо Расул Боқиевро ба мусобиқа мефиристад. Агар дар ин вазн Тоҷикистон якчанд варзишгар дошта бошад ва ҳамчунин дигар варзишгарон дар вазнҳои гуногун низ бошанд, боз ҳам имконоти мо ҷиҳати ба даст овардани медал дар мусобиқоти байналмилалӣ бештар мешаванд.

Барои ҳамин аз рӯзноманигорон ҳам даъват менамоям, то тавассути ВАО ҷиҳати афзудани сарпарастони соҳаи варзиш саҳми худро дар рушди варзиши Тоҷикистон гузоранд.

– Сипос барои як сӯҳбати самимӣ.

More From Author

You May Also Like