Ҷаласаи муҳокимаи шонздаҳ зану марди масеҳии пайрави фирқаи “Омеш” ба иттиҳоми ба зур кӯтоҳ кардани “риш” ва мӯйи сари теъдоде аз омешҳои дигар ва ба ҷурми нафратзоӣ рӯзи панҷшанбе дар яке аз иёлотҳои Амрико баргузор шуд.
Ба гузориши “euronews”, нигоҳ доштани риш ва мӯй барои занон ва мардони пайрви фирқаи “омеш” ҷазабаи мазҳабӣ дорад ва кӯтоҳ карданаш шармовар маҳсуб мешаванд.
Манбаъ баён медорад, ки агар муттаҳамон муҷрим шинохта шаванд, мумкин аст то 10 соли зиндон маҳкум шаванд. Додситонӣ гуфтааст, ки амали муттаҳамон фақат кӯтоҳ кардани мӯй набуд, ҳамламҳое буд хашин, ки қурбниёнро бисёр азият ва нороҳат кард.
Ҳамзамон дар пайи ин иқдоми ғайриинсонӣ, онҳо мардумро тарс додаанд, то ҷое ки маҷбур шуданд барои амнияти худ шикоят ба додгоҳ баранд.
Лозим ба ёдоварист, ки масеҳиёни пайрави фирқаи “Омеш”, ки ғолибан сокини Амрико ва Канада ҳастанд, зиндагии бисёр соддаро ихтиёр карда ва аз зиндагии замонавӣ гурезонанд.
Ҳамзамон мавриди зикр аст, ки риш ва ришдорӣ дар аксар аз дину равияҳои динӣ аз суннатҳои боэҳтиром ба шумор меравад. Аз ҷумла дар дини Ислом низ ришдорӣ аз суннатҳои Паёмбар (с) маҳсуб мешавад. Ҳоло он ки дар Тоҷикистон новобаста аз он ки 90 % онро мардуми мусалмон ташкил медиҳанд, мардумро ба зарби зурӣ ба риштарошӣ маҷбур мекарданд.