Ойниҳол Бобоназарова, номзади ҳизби наҳзати исломӣ, ба далели ҷамъ наовардани теъдоди кофии имзоҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намекунад.
Хонуми Бобоназарова дар ин бора субҳи рӯзи ҷумъаи 11 октябр, дар нишасти матбӯъотии Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ), эътилофе аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф, дар мақарри ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Дар ин нишаст гуфта шуд, ки аъзои тими хонуми Бобоназарова натавонистаанд шумори кофие аз имзоҳои раъйдиҳандагонро ба тарафдорӣ аз ӯ ҷамъоварӣ кунанд.
Ба гуфтаи аъзои ситоди хонуми Бобоназарова, онҳо то кунун тавонистаанд танҳо 201 ҳазору 236 адад имзо ҷамъоварӣ кунанд, ки ин шумор барои таъйиди салоҳияти номзади онҳо аз сӯйи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ кофӣ нест.
Пештар Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ гуфта буд, ки замони таҳвили имзоҳо аз сӯйи тими Ойниҳол Бобоназароваро то соъати 12 имрӯз тамдид кардааст.
Дар ҷаласаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб, хонуми Бобоназарова гуфт, ки тасмимоти баъдии тими ӯ ва тарафдоронаш дар мавриди интихобот рӯзҳои наздик дар ҷаласаи ИНИТ гирифта хоҳад шуд.
Аммо ӯ давлати Тоҷикистонро ба эҷоди мавонеъ дар роҳи номзадии худ муттаҳам кард ва аз ҷумла гуфт, ки давлат “аз рақиб шудани ман дар баробари Эмомалӣ Раҳмон тарсид.”
Хонуми Бобоназарова ҳамчунин гуфт, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон бо эҷоди мавонеъ дар роҳи ҷамъоварии имзоҳо барои ҷонибдорӣ аз номзадии ӯ даҳ рӯзи аввал аз замони тими мухолифон барои ҷамъоварии имзоро ба ҳадар додаанд.
Аъзои тими интихоботии ин номзади мухолифон қаблан ҳам аз мавориди густардаи фишор аз сӯйи пулис ва мақомоти давлатӣ дар шаҳрҳо в навоҳии Тоҷикистон интиқод карда буданд.
Ҳамзамон, Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки имзоҳои ҷамъоваршуда ба Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон иросл нахоҳад шуд.
Ӯ далели ин амрро “ба имкони мавриди таъқиб қарор гирифтани тарафдорони номзадиаш дар интихобот аз ҷониби ниҳодҳои амниятию интизомии Тоҷикистон” марбут хонд.
Дар ҳамин ҳол,Фирдавс Табаров, сухангӯйи КМИҲ гуфт, тибқи Қонуни “Интихоботи Президенти Тоҷикистон” ситодҳои интихоботӣ муваззаф нестанд, дар сурати ҷамъоварӣ нашудани имзоҳои мавриди ниёз ба тарафдории номзадҳои худ имзоҳои ҷамъоваришударо ба ин кумисиюн таҳвил диҳанд.
Кумисиюни марказии интихобот шаш номзад аз аҳзоби халқи демукрот, сусиёлист, ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ, демукрот ва кумунистро ба сабт расондааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар сурати таъйиди салоҳияташ Ойниҳол Бобоназарова метавонист рақиби аслии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр бошад.
Ҳамакнун, барои бисёре рӯшан шуда, ки оқои Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бидуни ширкати ҳеч рақиби ҷиддӣ пирӯз эълом хоҳад шуд. Аммо ин амр, ба гуфтаи бисёре аз соҳибназарон, машрӯъияти интихоботро камранг хоҳад кард.
“Би-би-сӣ”