nahzat.tj
Роҳбарияти шаҳрдории Душанбе ба хотири манфиати гурӯҳи номаълуме қароре қабул карда, истифодаи баландгӯякро барои додани азон манъ кард.
Аз рӯи маълумоти расмӣ дар он ҷаласа қариб ё ҳамаи имом – хатибони масоҷиди пойтахт, ки гӯё намоянда ва дифоъгарони Исломи азиз мебошанд, ҳузур доштанд, вале ақаллан як нафарашон ҷуръат накард ба раҳбарият бигӯяд, ки ин амали носавоб аст.
Ва ё як нафарашон ҳам аз мансаб даст накашид. Намедонем, онҳо чӣ тавр ба он мардуми аҳли ибодати масҷидашон, ки ҳазорон ҳазоранд, ин хабарро мерасонанд.
Шояд онҳо камҷуръатанд ё заъфи имон ва ё мансаб ширинӣ кардааст, ки хомӯш мондаанд, аммо Шӯрои уламои мусалмонон низ то имрӯз хомӯширо ихтиёр намуда, ҳол он ки аксари аъзои Шӯрои уламоро олимону арбобон ва шахсони маъруфи дини Ислом ташкил медиҳанд. Шӯрое, ки ба намояндагӣ аз қариб ҳашт миллион мусалмони тоҷикистонӣ муаррифӣ мешавад.
Аммо дар хусуси қарори шаҳрдорӣ дар бораи манъи азон садоятонро, беҳтараш мавқеи шуморо нашунидему надонистем.
Мабодо агар чунин амал аз ҷониби Шумо рух дода, яъне, ҳарфе ба муқобили ин қарор ақаллан гӯшакӣ ба нафаре гуфта бошеду мо ношунида монда бошем, узр.
Ба ҳар ҳол мо умедворем, ки уламои дин ва шӯро вокунише ба ин қарор нишон медиҳанд.