Умеди Сиддиқ
nahzat.tj
Шаби 28 декабр ба ватан ҷасади Хусрав Оймаҳмадов, ки ҳамагӣ 25 соли умри худро сипарӣ менамуд, оварда шуд. Дар ин бора Ҷаннатуллоҳи Комил, яке аз ҳамсоягони марҳум иттилоъ дод.
Марҳум зодаи ҷамоъати Себистони ноҳияи Данғара буда, ҳудуди 2 ҳафта қабл ба кишвари Русия сафар намудааст.
Дар ҳоли ҳозир сабаби қатли шаҳид маълум набуда, ин амал тавассути ду фарди пулис ва як нафар рус, ки ҳар се ҳам шаҳрвандони Русияанд, сурат гирифтааст.
Ҳарчанд дар расонаҳо ҷиҳати шахсияти ин қотилон чизе иттилоъ дода нашудааст, гуфта мешавад, ки баъди ба қатл расонидан, тани ӯро дар зери барф гӯронидаанд.
Бино ба гуфтаи пайвандони Хусрав Оймаҳмадови ҷавонмарг, гумонбаршудаҳо феълан дар маҳкама буда, тафтишот дар ин бора идома дорад.
Хусрав Оймаҳмадов дорои маълумоти олӣ, оиладор ва падари ду ҷигаргӯша будааст.