Ҳазорҳо нафар аз сокинони шаҳри Мансура, вилояти Диқаҳлияи Миср дар маросими дафни се зан аз тарафдорони Мурсӣ, ки рӯзи 19-уми июли 2013 бо тири туфанг дар роҳпаймоӣ кушта шуда буданд, ширкат намуданд. Проктураи генералии Миср алайҳи ин ҳамла, ки ба гуфтаи шоҳидон, аз тарафи авбошони силоҳбадаст анҷом ёфтааст, парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Созмонҳои ҳуқуқи башар гуфтанд, ки ҳимоят аз тазоҳуротҳои мусолиматомез аз масъулиятҳои мақомоти мисрӣ мебошад.
Ҷамоати “Ихвонулмуслимин” дар баёнияе масъулияти ин кушторро бар души роҳбарияти артиш ва Вазорати дохила гузошта, милисаҳои авбошро ба ҳимоят аз омилони ин ҳодиса ва ташвиқи харобкориву куштор, муттаҳам кард.
Вокунишҳои нирӯҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ба ин ҳодиса
Ҳаракат “6 апрел” роҳбарияти ихвонро ба тиҷорат бо хуни пайровони худ дар “набарди ноком” муттаҳам кард, вале бо вуҷуди мухолифаташон ба хостаҳои ихвониҳо, тариқаи рафтори Вазорати дохила бо тазоҳургарони мусолиматомезро маҳкум кард. Ин ҳаракат гуфт, ки масуълияти куштор бар души Вазорати дохила аст ва аз вазир хостааст, ки ба истеъфо равад.
Ҳизби “Нур”-и салафӣ ин ҳодисаро ҷиноят ҳисобида, аз мақомот хостааст, ки ҷинояткоронро пайдо ва муҳокима намоянд. Инчунин, ин ҳизб хостори ҳифзи занон ва набурдани онҳо ба маконҳои хатарзо шудааст.
Ҳамдин Сабоҳӣ, муассиси Ҳаракати мардумӣ ин куштор дар Мансураро маҳкум кард, хунҳои қурбониён ваҳшонияти ҷинояткоронеро, ки ин се занро куштанд, маҳкум мекунад.
Муҳаммад Бародаъӣ, ҷонишини раиси муваққати кишвар ва Ҳозим Бабловӣ, сарвазири кишвар ин ҳодисаро маҳкум карданд. Оқои Бародаъӣ дар саҳифаи Твиттери худ гуфтааст: “Кай меомузем, ки хушунат роҳи ҳал набуда, балки мушкилотро зиёдтар мекунад.”
Даъват ба мусолиҳа ва мавқеъи ихвониҳо аз он
Сарвазири муваққати Миср, Ҳозим Бабловӣ ба бозгашт ба муколама байни ҳизбҳои сиёсии кишвар, ки ихтилофу нобоварӣ байни ин ҳизбҳо зиёд шудааст, фаро хонд. Адлӣ Мансур, раиси муваққати Миср фармонеро содир кард, ки бино ба он бояд як кумитаи мутахассисон барои тағйирот дар Қонуни асосӣ, ки дар назар аст имрӯз якшанб корашро шуруъ кунад ва қадаме барои баргузории интихоботи ҷадид ба ҳисоб меравад, таъсис ёбад.
Оқои Бабловӣ дар мусоҳибае дар телевизиони расмӣ гуфт: “Имрӯз ба назари ман, бояд ба муколама баргардем ва набояд ихтилоф аз ин бештар идома ёбад.”
Аз тарафи дигар, ҷамоати “Ихвонулмуслимин” бори дигар барканории Мурсиро бо шиддат маҳкум кард ва онро инқилоби низомӣ хонда, гуфт, ки дар ягон навъ муколама ва гуфтугӯ ширкат нахоҳад кард, то вақте ки Мурсӣ ба мансабаш бознагардад.
Манбаъ: “Алҷазира”