Умед Сиддиқ
Сарфи назар аз он, ки мавсими ҳосилғундорӣ дар кишвар хотима наёфта, дар арафаи омодагӣ ба зимистон нархи бархе аз маҳсулоти кишоварзӣ ва сӯзишворӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар ин маврид суоли аслӣ ин аст, ки бо назардошти болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва гаронии сӯзишворӣ зимистони имсоларо мардум чӣ гуна хоҳанд гузаронд?
Мувофиқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, тайи як моҳи охир нархи маҳсулоти озуқа ва кишоварзӣ дар бозорҳои пойтахт аз 4 то 13% афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи масъулини ин вазорат, дар оғози даҳаи дуюми моҳи сентябр нархи як дона тухм дар бозорҳои пойтахт ба 70-75 дирам расидааст, ки нисбат ба як моҳ пеш 4 фоиз қиматтар аст. Вале дар муқоиса бо моҳи сентябри соли гузашта, ки тухм ҳудуди 90 дирам нарх дошт, ин намуди озуқа бештар аз 15 дарсад арзон будааст.
Дар бозорҳои Душанбе нархи бодирингу пиёз ҳам нисбати моҳи гузашта боло рафтааст. Арзиши шакар низ дар Тоҷикистон дар як моҳи охир то 40 дирам боло рафта, як килои он баробар ба 5 сомонӣ шудааст. Нархи биринҷ ва маҳсулоти макаронӣ бошад, тайи моҳи охир бетағйир будааст.
Тайи моҳҳои ахир дар бозорҳои Тоҷикистон нархи баъзе маҳсулоти озуқаворӣ майли арзоншавӣ доранд. Аз маҳсулоти озуқавории арзоншуда картошкаро номбар кардан мумкин аст. Картошка, ки маҳсулоти дуюми асосии мардуми кишвар маҳсуб меёбад, тайи як моҳи охир 20 дарсад арзон шуда, айни ҳол як килои он ба ивази 2,2 сомонӣ дар фурӯш гузошта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, нархи серталабтарин намуди озуқа дар Тоҷикистон – орд дар давоми 2-3 моҳи охир раванди болоравӣ дорад. Ҳозир дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон як халта орд, 50 кило аз 150 то 180 сомонӣ арзиш дорад, ки нисбат ба нархҳои ҳамин давраи соли гузашта 25 – 30 фоиз зиёд аст. Ва ба гуфтаи иддае аз соҳибназарон, ин навъи озуқа дар рӯзҳои наздик то 200 сомонӣ боло хоҳад рафт. Дар Русия ва Қазоқистон, ки таъминкунандагони асосии мардуми Тоҷикистон бо нон мебошанд, нархи гандум майли гароншавӣ дорад.
Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар мегӯянд, ки болоравии нархи орд дар ҷаҳон дар пайи хушксолӣ ва кам шудани ҳосили гандум сурат гирифтааст. Зимнан иддае аз коршиносони тоҷик мӯътақиданд, ки дар бозори орди Тоҷикистон рақобати солим вуҷуд надорад ва бар замми ин гароншавии гандум дар Қазоқистон ордфурӯшони тоҷикро барои боло бурдани нархи сунъӣ савқ додааст.
Таъкидоти навбатии сардори давлат
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ноҳияи Данғара бо ёдоварӣ аз пешгӯиҳои обу ҳавосанҷон доир ба он ки имсол низ сардиҳои тирамоҳу зимистон чун соли гузашта барвақт омада, хеле тӯл мекашад, масъулини ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба омодагии ҷиддӣ таъкид намуд. Аз ҷумла таъкид кард, ки ҳосили фаровони меваю сабзавот, лӯбиёгию полезиҳо ва ғалладона ҷамъоварӣ карда шавад. Бо ёдоварӣ аз ҳосили фаровони картошка ва себ дар ноҳияҳои кӯҳистон гуфт, ки ин маводи ғизоӣ низ бояд барои зимистон захира карда шавад. Сарвари давлат ба мардум гуфт, ки ҳар як хонавода бояд захираи дусолаи озуқаворӣ ва маводи сӯхт дошта бошад. Ҳамчунин доир ба захира кардани ангишт ба мардум супоришҳо дод.
Гуфтан ба маврид аст, ки сардори давлат ду соли ахир дар аснои мулоқотҳои худ ба мардуми Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ҳадди ақал ҳар оилаи тоҷик барои ду сол орду гандум захира намоянд. Ва мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки баъди ҳар суханрониҳои президент маҳсулот, хоса орд дар Тоҷикистон боло меравад. Зеро мардуми доро бо истифода аз имконияти худ ин амри президентро нодида намегиранд ва мардуми камбағал бошад, қудрати харидорӣ ва захираи озуқаи якмоҳаро надоранд, пас, чӣ тавр барои харидани захираи дусолаи озуқа вориди бозор шаванд?
Даъвати имсолаи сардори давлат дар робита ба захираи ангишт ишора ба он аст, ки имсол ҳам лимити барқро сокинони деҳот “пешвоз” хоҳанд гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан нархи як тонна ангишт ба 200 доллари амрикоӣ расидааст, ки харидории он на барои ҳама имконпазир аст.
Ба гуфтаи соҳибназарон, эҳтимол имсол ҳам чун солҳои пешин барои 70 дарсади мардуми деҳот нерӯи барқ ба тариқи “лимит” ва ё барои чанд соъат “кофӣ” бошад.
Масъулини бемасъулият?
Дар робита ба таъкиди сардори давлат оиди захира кардани маводи ғизоӣ бархе коршиносон аз бемасъулиятии масъулин дар таъмини маводи ғизоӣ ҳарф мезананд.
Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, ки мақсад аз дархости захираи маводи ғизоӣ аз ҷониби сардори давлат ин пешгирии талаф ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ дар фасли зимистон мебошад.
Ф. Саидов қайд мекунад, ки дар ду даҳаи ахир дар Тоҷикистон технологияи махсус барои ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ вуҷуд надорад, ки ба ин хотир дар фасли зимистон маҳсулоти деҳқон талаф меёбад. Ҳамчунин, ба андешаи ӯ, аксар деҳқонон аз фарҳанги нигоҳдории маҳсулот дар фасли сармо дуранд.
“Дар замони шӯравӣ дар Донишгоҳи кишоварзӣ дарси махсуси чӣ гуна нигаҳдоштани маҳсулот баъд аз ба дастовадани он ба кишоварзон омӯхта мешуд. Вале феълан дар Тоҷикистон ин дарс таълим дода намешавад ва ҳамасола 20-25 дарсади маҳсулоти кишоварзӣ ба сабаби адами технологияи нигаҳдории он барбод меравад.
Ба таъкиди коршинос, дар сурати омӯхтани таҷрибаи ҳифз намудани маҳсулот имкони танзими маҳсулот дар бозорҳои кишвар низ фароҳам хоҳад шуд.
Ниёзи мардум – 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона?
Агентии омори мегӯяд, ки талаботи солонаи Тоҷикистон нисбат ба орд 1 миллиону 43 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар умум бошад, кишвари Тоҷикистон солона тақрибан ба 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад, ки танҳо зери 1 миллионаш аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд, боқии эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад, ки беш аз 90 дарсадаш аз Қазоқистон ворид мешавад.
Имсол дар Тоҷикистон ҳосилнокӣ аз гандум камтар шудааст. Аммо коршиносон мегӯянд, ки бо ҳушдор додан ва захира намудани маводи озуқа намешавад, ҷомеаро аз банди фақру нодорӣ ва қаҳтӣ раҳо кард. Барои ин ҳукумат бояд барномаи махсуси захира кардани маводи зарурии аввалияро дошта бошад ва дар фурсатҳои ҳассос бозори истеъмолии халқро таъмин кунад.
Иқтисоддонон мегӯянд, ки сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар дараҷаи паст қарор дораду теъдоди аҳолии камбизоат ҳудуди 60 дарсад мебошад ва танҳо 5 фоизи мардуми кишвар метавонанд зиндагии хуб дошта бошанд, ки онҳо ҳам соҳибмансабони бонку корхонаҳо ва тоҷирони “тағадор”-у наздик ба ҳукуматанд. Ҳамин тариқ, гуфта метавон, ки 5 фоизи аҳолии Тоҷикистон зиндагии хуб дорад.
“Наҷот”