Categories Uncategorized

Харад… кам кун! Ё лаҳм барои «ТоҷикЭйр»*

Муҳибуллоҳи Қурбон

nahzat.tj

Муҳоҷирони тоҷик лаҳми тайёр барои «ТоҷикЭйр»

Ба таваҷҷӯҳи Маҷлиси намояндагони МО

“Арзиши чиптаи парвози «Маскав – Ню Йорк – Маскав», яъне, рафтуомад (июни 2012) дар айни мавсими ҷаҳонгардӣ, ки бояд чипта қимат бошад, баста ба рӯзи парвоз ва тарзи хизматрасонӣ аз 700 то 1000 доллар будааст. Вақти парвози дутарафа 21 соат!!! Дирӯз як дӯстам тавассути хатсайри «Тошканд – Куала Лампур- Тошканд», ки парвози дутарафа 14 соат давом мекунад, ба Малайзия парид. Пеш аз парвоз пурсидам, ки чаро ин хатро интихоб кардӣ, гуфт: “Арзон аст, 650 доллар.”

“Аммо дар моҳи март – апрели 2012 нархи чиптаи «Душанбе – Маскав» барои як тараф, такрор мекунам, ЯК тараф 640 доллар буд. Ҳоҷиёни тоҷик барои рафтуомад дар хатсайри «Душанбе – Ҷидда – Душанбе», ки тахмин 11 соат аст, ба ширкатҳои ватанӣ «Тоҷик Эйр» ва ё «Сомон Эйр» қариб 1500 доллар месупоранд.”

Ширкатҳои ватанӣ ба истиснои ҳуҷҷоҷ боз лаҳми дигаре доранд бо номи «муҳоҷир» ва ҷайби ин гурӯҳи тоҷикистониёнро бо ҳар роҳе бошад, ширкатҳои номбурда меафшонанд. Беҳтараш, ба санад рӯ меорем. Нафаре, ки ширкати хурди чиптафурӯшӣ дорад, мегӯяд, дар моҳи март – апрели 2012 нархи чиптаи «Душанбе – Маскав» барои як тараф – такрор мекунам, ЯК тараф – 3150 сомонӣ, баробар ба 640 доллар буд, яъне, мавсими кӯч бастани муҳоҷир ба Русия мебошад ва чун моҳи май шумораи равандаҳо камтар мешавад, нархи чипта ба Маскав ба 483 доллар (28 майи 2012) фуромад. Аммо дар тирамоҳ, фасли аз ҳама кам шудани ҳаракати муҳоҷирон ба Русия чипта то ба 1200 сомонӣ ва ё қариб 250 доллар мефуромадааст.

Арзиши чиптаи парвози «Маскав – Ню Йорк – Маскав», яъне, рафтуомад, дар моҳи июни 2012, яъне, дар айни мавсими ҷаҳонгардӣ, ки бояд чипта қимат бошад, баста ба рӯзи парвоз ва тарзи хизматрасонӣ аз 20 то 30 ҳазор рубли русӣ ё 700 – 1000 доллар будааст. Вақти парвози дутарафа 21 соат!!! Агар «Тоҷик Эйр» дар хати «Маскав – Ню Йорк- Маскав» кор кунад, нархи чиптаи онҳо аз 2500 доллар кам намешуд!

Ё амрикоиҳо ба зиён кор мекунанд? Чӣ будани фоидаро намедонанд? Гапи асосӣ дар он аст, ки дар Амрико фоидаро қонун муназзам мекунад, бинобарин амрикоиҳо дараҷа ё ҳаҷми даромад аз ин ё он намуди фаъолияти ширкатҳои бешуморро ҳамеша назорат мекунанд ва намегузоранд, ки ширкати ҳавоӣ бо ихтиёри худ фаразан 100% ё 200% фоида бардоранд.

Боз як ишколи дигаре ҳаст, ки мо бояд онро рӯи саҳифа орем. Дар ширкатҳои ҳавоии дигар кишварҳо одатан ба ҳар мусофир аз 23 килограмм зиёд бағоч ё бори бепул рухсат шудааст. Ин, албатта, ба ғайр аз бори дастӣ, ки одатан то панҷ кило иҷозат медиҳанд. Ҳатто ман ширкатҳоеро медонам, ки ҳар як мусофир метавонад ду ҷомадонро бепул барад ва ҳар яки он метавонад то 20 – 30 кг бошад.

Дар ин самт ҳам ширкатҳои Тоҷикистон ба мусофир, беҳтараш ба муҳоҷир, ғоратгарона ё ҳарисона муносибат мекунанд ва бечора муҳоҷири тоҷик танҳо то 20 кило борро метавонад, бепул гирад.

Акнун боз ба ҳисобу китоб рӯ меорем. Агар аз ҳар нафар муҳоҷири тоҷик ширкатҳои мо 3 килоӣ «дузданд», пас аз 250 ҳазор мусофире, ки дар як сол аз ин ширкатҳо истифода мебаранд, 750 ҳазор килограмм ҳаққи мусофирро «медуздидаанд», ки якдолларӣ бошад ҳам, 750 ҳазор доллар аст!

Ин ҷо чанд суоли мантиқӣ ба миён меояд.

Чаро чунин шудааст, ки арзиши чиптаҳои мо як ё чанд баробар аз амрикоиҳо ва ҳатто ҳамсояамон қиматтар ва вазни бор то 20 кг маҳдуд аст? Ин таҷриба аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондааст. Шояд ин меъёр мувофиқи бардошти ҳавопаймоҳои он замон буд, аммо имрӯз ширкатҳои Тоҷикистон асосан аз тайёраҳои Боинг истифода мекунанд, ва хуб мешуд, зарфияти бардошти тайёраҳоро ба инобат гирифта, ақаллан ба мусофирон имконият дода шавад, ки бо худ то 30 кило бори бепул гиранд.

Чаро ширкати кишвари ҳамсоя барои 14 соат, парвози ДУ тарафаи «Тошканд – Куала Лампур- Тошканд» 650 доллар мегираду «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба Маскав барои ЯК тараф бо андак фарқ зиёда аз 400 то 640 доллар нарх мондаанд?

Барои он ки ширкати ҳавоии ҷумҳурии ҳамсоя зери назорати ҳукумати худ аст ва ҳукуматдоронашон дар ин кор ғами мардумро мехӯранд, на фоидаи ширкати ҳавоии давлатиро!

Дирӯз Кумитаи зиддиинҳисории Қазоқистон низ ба ширкати давлатии «Astana Airs» расман фармон дод, ки арзиши чиптаҳояшро поён фурорад.

Чунин хулоса бардоштам, ки дар ҷаҳон яке аз гаронтарин хизматрасонӣ аз ҷониби ширкати давлатии «Тоҷикэйр» расонида мешавад.

Чаро Кумитаи зиддиинҳисории Тоҷикистон сустҳаракат асту ғами ақаллан муҳоҷиронро намехӯрад, вақте дар таги биниашон ширкати давлатии «Тоҷик эйр» аз рӯи гуфтори «Харад зам кун, нахарад кам кун» фаъолият мекунад ва нарх мегузорад. Баъди як моҳ ин ширкати давлатӣ арзиши чиптаҳоро аз Русия ба Тоҷикистон гарон мекунад, зеро вақти бозгашти муҳоҷирони мавсимӣ сар мешавад, яъне, боз муҳоҷирро ғорат мекунад. Яъне, арзиши билет ба Маскав дар тирамоҳ 250 доллар ва дар марту апрел то 640 доллар аст.

Ё дар тирамоҳ масофа кӯтоҳ мешаваду дар баҳор дароз? Ҳол он ки камтар дар бораи нақши муҳоҷир дар ҷамъияти имрӯзаи мо биандешем, бояд барои онҳо ҳама шароитро муҳайё созем, зеро агар миллиардҳо долларе, ки онҳо ба Тоҷикистон солона ҳавола мекунанд, набошад, вазъияти иҷтимоии кишвар аз муташанниҷ ҳам муташанниҷтар мегардад, чунки онҳо ҳам арзи хориҷӣ меоранд ва ҳам сафи бекоронро зиёда аз ЯК – ЯКУНИМ миллион кам мекунанд.

Биёед, боз ба арқом назар меандозем. Соли гузашта муҳоҷирони ӯзбекистонӣ ба кишвари худ қариб $5 миллиард доллар гузаронидаанд. Муҳоҷирини тоҷикистонӣ$2 миллиарду 752 миллион фиристодаанд, хабар медиҳад Бонки марказии Русия. Дар назари аввал менамояд, ки ӯзбекистониҳо назар ба тоҷикистониҳо ба кишвари худ қариб ду баробар зиёд пул фиристодаанд, аммо чун ин маблағро ба ҳар сар аҳолӣ тақсим кунем, ба ҳар шаҳрванди ӯзбекистонӣ каме зиёдтар аз 172 доллар ва ба ҳар тоҷикистонӣ ба ҳисоби миёна ба 352 долларӣ рост меояд.

Маълум мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик назар ба ҳамсарнавиштҳои ӯзбекистонӣ ду баробар зиёдтар маблағ кор мекардаанд ва ҷойи пинҳон нест, ки бо шарофати ин маблағ, ки аз буҷаи давлатии Тоҷикистон зиёдтар аст, истиқрор дар кишвари мо ҳаст, мардум аз ҳисоби пули муҳоҷир месозад, мехарад ва ба ҳаҷ меравад. Хулоса, ҷумҳурӣ қариб ки аз ҲИСОБИ МУҲОҶИР зиндагӣ дорад.

Бинобар ин, сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи муҳоҷирон мутаносиб ба саҳми онҳо бояд бошад, аммо дар натиҷаи бепарвоӣ ва хунукназарии ҳукумати марказӣ ва вазорату кумитаҳои дахлдори он имрӯз муҳоҷир на танҳо мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумат қарор нагирифтааст, балки ҳадафи ғорат асту бас. “Тоҷик Эйр” ширкати давлатист ва зарару хисороти он аз ҳисоби андози аз ҷумла, ҳамон ҳоҷиён пӯшонида мешавад, бинобарин дар хизмати мардуми худ бояд партофт бошад ва он набояд барои “даромади аз ҳад зиёд” кор кунад.

Муҳоҷиру ҳоҷӣ набояд ба “Тоҷикэйр” лаҳм бошад, балки ин ду бояд ба ғамхории ҳукумат ва ширкати он сазовор бошанд. Ширкати давлатӣ бояд дар ҳадди аввали фоида қарор гиранд, на дар ҳадди ниҳоӣ, ки бештар ба ғорат шабоҳат дорад.

Бинобар ин, барои пеши роҳи ин гуна даромадҳои ба ғорат монанди беҳадро гирифтан як роҳи осон аст.

Маҷлиси намояндагон мисли кишварҳои дигар қонуне танзим кунад, ки мувофиқи он даромади софи корхонаи давлатӣ масалан, то 5 – 10% бошад, на аз он зиёд. Он гоҳ ширкати ҳавоии давлатӣ наметавонад бо хоҳиши худ нархи чиптаро то ба 640 доллар барои як тараф бардорад.

Агар не, ин навишта ҳам мисли дар ҳован об кӯфтанро мемонад.

*Ин бори дувум аст, мо ба ин мавзӯъ муроҷиат дорем, мутаассифона, ба мақолаи аввал таваҷҷӯҳи ҷиддие набуд.

More From Author

You May Also Like