Мухолифини мисрӣ, ки дар ҷаласаи музокира перомуни Қонуни манъи тазоҳурот ҳузур ёфтанд, ин қонунро ба куллӣ рад карданд ва аз он ба унвони Қонуни таҳдид ном бурданд.
Зиёд Баҳоуддин, муовини нахуствазири Миср изҳор кард, ки фирқаҳо ва аҳзоби сиёсии ширкаткунанда дар ҷаласаи музокираи манъи тазоҳурот ин лоиҳаро напазируфтанд.
Талъат Мазруқ, узви девони раёсати Ҳизби нур бо судури баёнияе таъкид кард, ки судури ин қонун на ба василаи ҳукумати муваққат, балки тавассути маҷлиси миллӣ лозим аст.
Қонуни тазоҳурот, ки аз 21 модда муташаккил аст, тартиби гирдиҳамоиҳои сиёсӣ дар ибодатгоҳҳо, ҳамли силоҳ, муҳимоту маводи сухтӣ дар хилоли тазоҳурот дар дигар марказҳоро манъ мекунад.