Categories Uncategorized

Э. Раҳмон аз мадҳу ситоиши шахсияташ хуш аст

Имрӯз, 3-юми сентябри 2013 дар шаҳри Кулоб озмуни “Президенти ман – ифтихори ман” баргузор мегардад ва он аз тариқи телевизиони маҳаллии Кулоб пахш мешавад.

Ба назари мутасаддиёни ин озмун, дар он ба ҷуз аз таърифу тавсифи Президент, пойдории сулҳу ваҳдат ва рӯҳияи ватандустӣ ва ободонӣ ҳам шомил мебошад.

Ҳарчанд, масъулони давлатӣ онро як “ҷашнвораи фарҳангӣ” арзёбӣ мекунанд, аммо бархе аз коршиносон онро як роҳи дигари таблиғи номзади ҲХДТ бо истифода аз манобеъи давлатӣ медонанд.

Инчунин, ба назари коршиносон, озмуни мазкур як навъ худширинкунии мақомоти маҳаллӣ ба роҳбари аввали кишвар мебошад.

Гуфта мешавад, ки оқои Раҳмон метавонист бо муҷозоти ҳамагӣ як ду мансабдор ба далели тафрит дар ташкили маъракаи хушомадзанӣ ба ин ҳама парастиши шахси ӯ поён диҳад.

Аммо, меафзоянд онҳо, аз бархӯрди худи Эмомалӣ Раҳмон ба чунин шеваи баргузории мулоқотҳояш ва тарзи истиқбол аз ӯ дар ҷараёни сафарҳояш ва  муҳимтар аз ҳама, бо ироаи мансабҳои баландтар “қадрдонӣ” шудани мансабдороне, ки истиқбол аз президентро “дар сатҳи баланд” ташкил мекунанд, бармеояд, ки ин ҳама мадҳу ситоиш ба худи ӯ ҳам хеле хуш меояд.

Манбаъ: “Озодӣ”

More From Author

You May Also Like