Мусалмонони Донморк бо 21 соати рӯзадорӣ рекорди рӯзадориро дар ҷаҳон сабт карданд.
Ба гузориши “islamworldnews”, мусалмонони Денморк моҳи мубораки Рамазони имсол бо 21 соат, тӯлонитарин замони рӯзадорӣ ва мусалмонони Аргентина бо 9 соат дар рӯз, кӯтоҳтарин замони рӯзадориро дар пеш доранд.
Тибқи хабаргузорӣ, соатҳои рӯзадорӣ дар Аврупо тӯлонитар хоҳад буд ва бо таваҷҷӯҳ ба ихтилофи минтақаи ҷуғрофӣ, мусалмонони Денморк дар моҳи Рамазон 21 соат ва мусалмонони Аргентина ба иллати қарор гирифтан дар минтақаи ҷануби Амрико рӯзона 9 соат рӯза хоҳанд гирифт.
Соати рӯзадорӣ дар кишварҳои Ховари Миёна низ байни 15 то 16 соат ҳамчун кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс хоҳад буд ва мусалмонони Ҳоланд рӯзона 18 соат рӯза хоҳанд гирифт.
Мусалмонони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ бошанд, ки ҳудуди 17 соат ва мусалмонони Русия ҳудуди 20 соат рӯза мегиранд.