– Устоди мӯҳутарам, чун имрӯз мо дар арафаи Иди Қурбон ва рӯзҳое қарор дорем, ки мардум азми зиёрати хонаи Худо ё аниқтараш ҳаҷро доранд. Мехостем маънои ҳаҷ дар Ислом ва мақоми онро барои мо шарҳ медодед?
– Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Ҳамду ситоиш Худоерост, ки парвардигори оламиён аст ва оқибат ё накӯии қиёмат барои касонест, ки онҳо аҳли тақво ва аҳли яқинанд. Дуруду салом бар беҳтарини анбиёҳо ва расулон, Муҳаммади мустафо (с) ва дуруд бар оли Муҳаммад ва асҳобу ёронаш. Пеш аз ҳама мафҳуми ҳаҷ дар луғат қасд карданро гӯянд. Дар истиллоҳи шаръ Ҳаҷ маънои қасди махсус, бинобар ваҷҳи махсус, бар макони махсусро дорад. Яъне ин қасдест, ки нияту ибодати хосаеро дар бар мегирад ва он ибодати Худованд аст дар макони махсус, ки хонаи Худо, яъне Каъба аст.
Ҳаҷ ва адои он яке аз фарзҳо ва рукнҳои панҷгонаи дини Ислом ба шумор меравад. Мафҳуми ибодат будани ҳаҷ он аст, ки мо дар аҳкоми панҷгонаи Ислом ибодатҳоеро дорем, ки фақат бо бадан ва ҷавореҳ иҷро мешаванд ва инчунин ибодатҳое ҳастанд, ки бо додани мол анҷом меёбанд. Барои мисол намоз ва рӯза аз ибодатҳое ҳастанд, ки инсон онҳоро бо заҳмати бадан ва ҷавореҳ иҷро мекунад. Дар баробари ин боз Худованд ибодатеро барои инсон фарз гардонидааст, ки он бо додани мол сурат мегирад ва онро закот меноманд. Пас метавон гуфт, ки закот ибодати хоси молист ва намоз хондан ибодати хоси баданист. Вале дар адои ҳаҷ Худованд инсонро ҳам ба ибодати молӣ ва ҳам ба ибодати баданӣ амр мекунад. Барои мисол инсон барои рафтан ба ҳаҷ масрафи молӣ дорад ва вақте ки дар макони ибодат мерасад, дар он ҷо худро машғули ибодати баданӣ қарор медиҳад. Ҳамзамон ҳангоми машғул шуданаш ба ибодати баданӣ, инсон боз ибодатҳои молиеро низ дар вақти адои ҳаҷ иҷро мекунад, ки аз забҳи мол ва ғайра иборатанд.
– Устод мегуфтед, ки ҳаҷ барои кӣ ва дар кадом вақт фарз мешавад, оё ҳама ба таври ҳатмӣ ин фарзиятро адо мекунанд ё дар адои он истисноҳо вуҷуд дорад?
– Дар дини Ислом ҳар як ибодат вақти муайян ва марҳалаи адои худро дорад. Ё худ метавон гуфт, ки дар дини Ислом ҳама ибодатҳое, ки барои инсон фарз гардонида шудаанд, дар адои онҳо ҳеҷ нофаҳмӣ ва норӯшание дида намешавад. Барои мисол инсон то даме, ки ба балоғат нарасад, намоз хондан, рӯза доштан болои ӯ фарз намегардад. Закот додан ҳангоме болои инсон фарз мешавад, ки моли ӯ ба миқдори муайянкардаи шариъат ё худ ба нисоб расида бошад. Ҳаҷ низ ҳангоме болои инсон фарз мегардад, ки инсон масрафи рафтану баргаштани ҳаҷро дошта бошад. Дигар ин ки то омадани ӯ ва ё бозгашташ, барои оила ва хонаводааш шароите фароҳам карда бошад, ки мушкилоте надошта бошанд. Дар ин ҳангом инсон метавонад адои ҳаҷ кунад, аммо дар ғайри он ҳаҷ болои инсон фарз намегардад. Вале агар инсон мусалмон бошаду ҳама ин шароитро дошта бошад ва ба ҳаҷ наравад, Паёмбар (с) ингуна инсонҳоро яҳуди уммати худ гуфтааст.
– Ҳаҷро пеш аз Ислом, умматҳои дигар чигуна мефаҳмиданд, оё онҳо ҳам ҳаҷро мисли мо адо мекарданд?
– Адои ҳаҷ дар замони қабл аз Ислом барои умматҳои дигар низ ба тавре иҷро мегардид. Аз ҷумла ҳангоми биъсати Паёмбар (с), ки бутпарастон дар Макка зиндагӣ мекарданд, онҳо низ ба таври худашон як эҳтироме нисбати замони ҳаҷ ва Каъба доштанд, инчунин ба таври худ онро адо мекарданд. Ин дар ҳолест, ки онҳо бутпараст буданд, ҳоло он ки онҳоро аҳли дин шуморида намешавад. Чи расад ба умматоне, ки онҳо соҳиби китоб ва паёмбар буданд. Онҳо ҳам мувофиқ ба шариъати худашон фарзияти ҳаҷро адо мекарданд. Дар умум ҳаҷ таърихи қадимаеро доро мебошад, ки аз даврони зиндагии Ҳазрати Иброҳим (а) сарчашма мегирад ва дар замони ҳама паёмбарон мақоми вижаеро доштааст.
– Паёми аслӣ ва ё мақсад аз иҷрои ин ибодат дар чист ва чи хусуиёти тарбиявӣ ё ахлоқӣ дорад?
– Дар ин росто пеш аз ҳама ҳаминро гуфтаниям, ки мо мусалмонҳо имон ба рӯзи қиёмат дорем. Яъне ин рӯзест, ки Худованд инсонро пас миронидан зинда мекунад ва ҳамаро баробар мехезонад. Аз ҷумла арафот дар ҳаҷ мисолест аз арасот. Арасот, рӯзи растохез, рӯзи қиёматро мегӯянд, ки вақте инсон ба ҳаҷ меравад, мебинад, ки дар он ҷо ҳама шоҳу гадо баробар ҷамъ омадаанд, як либос дар тан доранд ва ҳеҷ фарқе миёни онҳо дида намешавад. Рӯзи қиёмат низ рӯзест, ки Худованд ҳамаро баробар мехезонад ва онҳоро дар арасот ҷамъ меоварад ва ҳеҷ фарқе миёни онҳо дида намешавад, магар бо амалҳои неки анҷомдодаи онҳо. Паёмбар (с) ҳам дар ин росто фармудааст, ки “Алҳаҷҷу аларафа”, яъне ҳаҷ арафа дорад, ки ҳоҷиён дар он ҷамъ меоянд. Дар ин ҳадис низ баёни он меравад, ки вақте инсонҳо дар арафа ҷамъ мешаванд, бояд бидонанд, ки рӯзе Худованд онҳоро дар арасот бо чунин шакл ҷамъ меоварад ва ҳеҷ фарқе миёни онҳо дида намешавад, магар дар тақво ва парҳезгорӣ. Дигар чизе ки дар адои ҳаҷ ба назар мерасад, ин ваҳдату ягонагии тамоми мусалмонони ҷаҳон аст. Инчуин баробариву бародарӣ миёни онҳост.
– “Ҳамсояат гурусна бошад ҳаҷ рафтан дуруст нест” мегӯянд, оё ин ҳақиқат дорад?
– На, аслан ингуна нест, ки ҳамсоя гурусна бошад, ҳаҷи инсон дуруст намешавад. Вале дастгирии ҳамсоя дар дини Ислом ва кӯмак бар он бисёр аҳамияти бузрге дорад. Аз ҷумла силаи раҳм ва дастгирии наздикон дар дини Ислом аз воҷиботи имон ба шумор меравад. Дар баробари ин Ислом барои аз байн бурдани фақру нодорӣ дар ҷомеа муборизаҳои зиёде бурдааст ва то ҳол пешгирии онро дорад. Вале Ислом бештар пайравонашро ба омӯзиши касб ва аз худ кардани ҳунаромӯзӣ даъват мекунад. Ҳоло он ки дар дини Ислом барои оилаҳои нодор ва фақирҳо закотро фарз гардонидааст, садақаи фитру қурбониро воҷиб донистааст, то ба онҳо дода шавад. Аммо оилаи фақирро дар дигар ҷойҳо дини Ислом ба кӯшиш ва талоши омӯзиши касбу ҳунар бештар даъват кардааст, ки фармудааст: “Косиб ҳабибуллоҳ аст”. Пас ингуна оилаҳо бештар кӯшиш кунанд, ки ба омӯхтани касб ва омӯзиш роҳи дарёфти ризқи худро пайдо кунанд. Дар умум метавон гуфт, ки ин як назари мардум аст ва воқеъият надорад.
– Шахсе шароити адои ҳаҷро дошт, вале нафаре омаду аз ӯ кӯмак хост. Мард қисмати пулро ба ӯ дод акнун дигар наметавонад ба ҳаҷ равад, ҳоло он ки вақти адои ҳаҷ расидааст. Дар ин ҳолат ин шахс гунаҳгор аст?
– На, дар ин ҳолат фарзияти ҳаҷ аз вай соқит мешавад. Дар ин сол ба ҳаҷ наравад гунаҳкор намешавад, балки савоб мегирад.
– Агар инсон бо пули ришва ҳаҷ равад ҳаҷҷаш қабул аст?
– Паёмбар (с) дар ин бора фармудааст, ки: “Ришвагиранда ва ришвадиҳанда ҳар ду дар дузаханд”. Яъне кор бо ришва дар дини Ислом дуруст нест ва он мол ҳаром аст. Аммо дар ин ҷо як нозукиест, ки агар шахс бо пули ҳаром ҳаҷ равад, фарзияти ҳаҷ аз вай соқит мегардад. Яъне ӯ фарзи ҳаҷро адо кардааст, аммо дар он савобе дида намешавад. Чаро ки дар Ислом бо пули ҳаром ибодат кардан, касби савоб ғайри имкон аст. Фақат замоне метавонад ҳаҷашро дуруст намояд, ки тарки ришвахорӣ кунад ва касби моли ҳалол намояд.
– Устод, агар зане шароити ҳаҷравӣ дорад, вале маҳраме надорад, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад, метавонад ба танҳоӣ адои ҳаҷ намояд?
– Дар ин ҳолат фарзияти ҳаҷ аз зан соқит мешавад ва ҳаҷ наравад гунаҳкор ҳисоб намешавад. Чаро ки зан танҳо бо маҳрам ва ё наздикаш, мисли падар, бародар, шавҳар, фарзанд ва ғайра ба ҳаҷ рафтан иҷоза дода мешавад.
– Байни мардум овоза аст, ки агар чи пули расмӣ ва давлатие, ки барои ҳаҷ муқаррар шудааст, боз баъзан вақт аз ҳоҷиҳо пули зиёдатӣ талаб мекунанд. Оё ин пули зиёдатие, ки ҳоҷиён ҳамчун ришва медиҳанд зараре дар ҳаҷи онҳо надорад?
– Аввал ин ки пули зиёдатие, ки ҳоҷиҳо барои таъхир намондан ва ё навбатро аз даст надодан месупоранд, ришва ҳисоб намешавад. Вале инсоне, ки ин пулро аз ҳоҷиҳо талаб мекунад ва зиёдатӣ меситонад, бештар гуноҳ болои ӯ қарор мегирад. Аммо ҳоҷие, ки холис барои Худо мехоҳад ҳаҷ равад ва дар ин росто ҳар чи ки харҷ кунад, боке надорад. Вале дар ин ҷо ҳоҷӣ ба монанди нафаре аст, ки байни золимҳо ва дуздҳо қарор гирифтаасту агар пул масраф накунад, аз ҳаққи худ барканор мешавад. Ин гуна масрафро дар шариъат фидя мегӯянд, ки дар Ислом машруъият дорад. Яъне инсони мусалмон барои халос ёфтани худ онро истифода мебарад, ки онро ришва гуфта намешавад. Албатта агар ҳукумат исломӣ бошад, ин дар ҳисоби ришва дохил мешавад. Аммо ҳукумате, ки фосид аст ва аз ҳоҷиҳо боз пули зиёдатӣ талаб мекунад, пас дар ин ҳолат инро фидя меноманд. Агар ҳоҷие, ки дар навбат набошад ва пул масраф кунаду ҷои ҳоҷии дигарро касб кунад, дар ин ҳолат пул масраф кардани ҳоҷӣ дуруст нест ва метавон онро ришва унвон кард.
– Устоди гиромӣ, қурбонӣ дар ин ид чи аҳамият дорад ва барои кӣ воҷиб аст?
– Қурбонӣ кардан амри воҷиб аст ва баъзеҳо онро суннат ҳам шуморидаанд. Аммо воҷибияти он бар сари касе лозим мешавад, ки молаш ба нисоб расида бошад. Қурбонӣ низ як навъи ибодат аст, ки аз давраи Иброҳим (а) салом ба мо мерос мондааст. Аз таърихи дини Ислом бармеояд, ки Худованд Иброҳим (а) –ро мавриди имтиҳон қарор гирифт, фарзанду ҳамсарашро дар як биёбони хушку холӣ андохт ва ҳатто дар охир амр кард, то фарзандашро қурбонӣ намояд. Вале ҳангоми забҳи Иброҳим (а) фарзандашро гӯсфандеро фиристод, ки қурбонӣ кунад, пас аз он то имрӯз қурбонӣ ҳамчун як ибодат машрӯъ гардид.
– Таманниёти Шумо дар арафаи ид барои мардум ва ҳоҷиҳо?
– Аввалан аз Худованд таманно дорем, ки ҳаҷи ҳоҷиҳоро қабул фармояд ва ҳама мардумро ба ин рӯзи муборак табрик мегӯям. Худованд мардуми моро дар роҳи рост ҳидоят кунад ва аз ин иди қурбон таъсири хуберо дар ахлоқ ва ақидаашон устувор карда бошад. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу
Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, раиси
Тафтишоти ҲНИТ
Мусоҳиб, хабарнигори сайт ҲНИТ