Categories Uncategorized

Ҷаҳонпаҳлавоне низ нолозим шуд…

Вақеан, боиси таассуф аст, ки марди ҳунарманде ҳам мавриди бозии беҳунарон қарор мегирад.
Муҳаммадшариф Сулаймонов аз зумраи ҷаҳонваҳлавононест, ки донишу таҷриба, ҳунару санъат ва назокатҳои хоси хешро дар шакл додани як ҷавони ҳадафманд ба паҳлавони саршинос равона сохтааст ва зиндагии имрӯзаи ҷомеъаро хеле хуб медонад.
Вале бубинед, ки «тақдирсозон» бо чунин чеҳраи ҳунарманд ва маъруфи миллат чӣ муносибатеро раво мебинанд…
Маликшоҳ Неъматов, ки дар чанд соли сарвари Кумитаи ҷавонон ва варзиш буданаш аксаран мавриди танқид дар ВАО қарор гирифтаасту мегирад, нафаре, ки аз ҳунар ва нозукиҳои он огаҳӣ доранд, ҷаҳонпаҳлавонеро напурсида ба фармони канор фиристодани ӯ аз саҳмгузорӣ дар варзиши гуштин имзо мегузорад. Яъне тавре мегӯянд: табъам шоҳу худам вазир ё фаҳме ман дорам, дар каси дигар нест, амал кардааст.
Тавре баъзе муҳаққиқин изҳор медоранд, дар ҷомеъаи солим масъулият доштани нафаронеро, ки дур аз фарҳанг ва тангназар ҳастанд, роҳ намедиҳанд, аммо дар мо ин як амри маъмулӣ гаштааст ва масхарабозӣ ба дараҷаи баланд баромада истодааст.

More From Author

You May Also Like