Шералии Саид
nahzat. tj
Бо ташаббуси бахши ҲНИТ дар н. Шоҳмансур ҳар рӯзи ҷумъа дар дар маркази «Диалог» машварати илмӣ баргузор мегардад.
Рӯзи 26 январ семинари навбатӣ дар мавзӯи «Худсозӣ ва фавоиди он дар тасмимгирӣ» баргузор шуд, ки дар он муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадкарими Орзу ширкат ва суханронӣ намуда, мафҳуми “худсозӣ”-ро шарҳ дод.
Муовини рвиси ҲНИТ худшиносӣ, Худошиносӣ, сабру таҳаммул ва андешаро асосҳои он маънидод намуд.
“Худсозӣ маънои онро дорад, ки ба дигарон эҳтиром қоил шавем ва ҳарчанд донишманд ҳам бошем, дар илме даъвои ҳамадониро накунем ва дониста бошем, ки аз ҳар олим ҳамеша олимтаре вуҷуд дорад. Агар мо даъвои донишмандиро намуда, диигаронро ҷоҳил ҳисобем, аввалин зарар ба худи мо мерасад, ки дар пайи ҳақталабӣ нахоҳем шуд.” – қайд намуд мавсуф.
Баъди суханронии муовин баҳсу мунозира атрофи мавзӯъ сурат гирифт.
Дар машварат ҳамчунин раиси бахши ХНИТ дар ноҳияи Шоҳмансур Ҳабибхони Саидзода ва меҳмонон аз вилояти Суғд – Наимҷон Самеев, раиси шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар вилояти Суғд ва масъули тафтишоти шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар вилояти Суғд Нуъмонҷони Шариф ширкат ва суханронӣ намуданд.