Categories Uncategorized

Русия дар сохти Роғун бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намекунад?

Шахсияти саршиноси сиёсӣ ва мазҳабии тоҷик ҳоҷи Акбар Тураҷонзода муътақид аст, ки Русия дар сохти Нерӯгоҳи Барқӣ Обии Роғун иштирок нахоҳад кард.

Оғои Тураҷонзода зимни суҳбати ихтисосии худ бо бахши тоҷикии радиёи Хуросон оиди интиқодот аз амалкарди Ҳукумати Душанбе ҳангоми имзои созишномаҳои ҳамокрии низомӣ ва тиҷорӣ бо Русия ва муваффақ нашудани он дар ҷалби сармоягузории ҷониби Маскав дар такмил сохтани Нерӯгоҳи Барқӣ Обии Роғун дар Тоҷикистон гуфт: «барои Русия ҳифзи нуфуз ва ҳузури низомии ин кишвар дар Тоҷикистон муҳим аст. Аз ин рӯ, мақомоти тоҷик барои такмили тарҳи ниматамоми энержии худ бояд ба дунболи роҳҳои дигаре бошад.

Яке аз ингуна роҳҳо фурӯши саҳмияҳои корхонаи алюмини Тоҷикистон аст, ки ба будҷаи  кишвар чизе пардохт намекунад ва ба манбаи даромади шахсӣ табдил ёфтааст.

Ин корхона дар фасли сармо 70 дарсади тавлиди барқи Нерӯгоҳи Барқӣ Обии Норакро сарф намуда, боиси маҳдудияти интиқоли барқ ба мардум мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки яке мушкилоти асосӣ дар кишвар, ки ҳар сол бо расидани фасли сармо мардуми кишвар маззаи талхи онро мечашанд набудани барқ дар се моҳи зимистон аст.

More From Author

You May Also Like