Categories Uncategorized

Фиристодани “СМС” – и атру хушбӯйӣ бо телефони Iphone

Касоне, ки ба дунболи эҳсосоти худ нисбат ба дигарон ҳастанд, аз ин ба баъд бо кашфи ҷадиди муҳаққиқони ҷопонӣ метавонанд атру хушбӯйиҳоро тариқи телефони Iphone ирсол ва ё дарёфт намоянд.

Ба гузориши “alarabiya”, як ширкати ҷопонӣ бо номи “Шоку парфиюм” дастгоҳе кӯчаке сохтааст, ки метавонад бӯйҳои мухталифро аз тариқи  Iphone фароҳам кунад.

Ширкати мазкур гуфтааст, ки имкони ирсоли бӯйҳои хуш аз тариқи хариди файл аз ин ширкат ва насби он бар рӯи телефони Iphone имконпазир аст.

Дар бораи ин кашфи нави Iphone маҷаллаи “Таймз” гуфтааст, ки ин дастгоҳи кӯчак пас аз насб шудани он бар Iphone метавонад бо дарёфти паёме аз телефонҳои дастии дигар атру хушбӯйи дархостшударо ирсол намояд.

Ҳамзамон ширкати мазкур қимати ин дастгоҳи навро 62 доллар таъйин кардааст.

More From Author

You May Also Like