Categories Uncategorized

Хисороти сел дар манотиқи Тоҷикистон

Бино ба иттиллои Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон,сели рӯзҳои 12 -13 дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, хисороти ҷиддие дар пай доштааст. Аз ҷумла дар пайи омадани селсокинони минтақаҳои Ашт, Ғончӣва Панҷикент зарар дидаанд. Инчунин гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Рашт ба асари омадани сел як корманди БДАба ҳалокат расидааст. Аз сӯйи дигар аз вайрон гаштани60 хонаи истиқоматӣ дар Панҷекент ва аз осеби 80 хона дар вилояти Хатлониттиллоъ дода мешавад.

Бояд гуфт,  ҳаҷми ин ҳама хисороти ба мардум расида, аз ҷониби комиссияҳо муайян карда шуда, дар ин бора ба ВАО иттиллоъ дода мешавад.

More From Author

You May Also Like