Зайнаби Муҳаммад
nahzat.tj
Тақрибан соъатҳои 11:10 ба маҳаллаи “Текстил”-и хиёбони Саъдии Шерозӣ расидем ва маълум шуд, ки тоҷирони бозори “Корвон”-ро дар роҳ, аниқтараш дар сероҳаи назди бинои “Шарқи Озод” намояндагони мақомоти интизомӣ ва амниятӣ манъ карданд. Онҳо хостанд, ки мардумро баргардонанд, аммо издиҳоми мардум, ба истилоҳ сафбандии пулисро “шикаста” ба сӯйи “Текстил” ҳаракатро давом доданд.
Онҳо ба таги пул, гузаргоҳи қатораҳои поезд ба хиёбони Саъдии Шерозӣ расиданд ва дар ин ҷо ҳам кормандони пулис бо роҳбарии сардори идораи пулиси шаҳрӣ , роҳбарияти раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва дигар мақомоти амниятӣ , ки онҳоро аксари хабарнигорон мешиносанд, монеъи гузаштани мардум аз ин минтақа шуданд.
Бархӯрди шадиде миёни тоҷирони бозор ва мақомоти марбута дар ин ҷо сурат гирифт. Мардум дар натиҷаи ин бархӯрди номуносиб ба ду тараф тақсим шуда, роҳи худро идома медоданд. Ҳама бо овози баланд мегуфтанд: “Ба назди қасри президент меравем, ин чӣ давлатдорист” ё “Пеши Убайдуллоев меравем, ки барои чӣ ҳар моҳ пул ҷамъ мекунанд, вале боз месӯзем ва наҷот нест”, “ман хонаи худро дар гарав монда аз бонк 30 ҳазор доллар қарз гирифтам, ҳоло аз куҷо қарза мегардонам, эҳ дод”. “Ин шаҳр бедарвоза аст”, “моломона сӯзониданд, пулҳои андозу бехатаримона бидиҳанд” ва даҳҳо нидоҳои дигар.
Дар дасти бархе аз занон навиштаҷоти шиъоргуна бо дарозии тақрибан 50 сантиметр низ буд, ки дар онҳо навишта шуда буд: “Корвон” чаро месӯзад?”, “Корвонро кӣ сӯхт?”.
Дар ин ҷо хабарнигорон хостанд рисолати хешро анҷом диҳанд, вале мақомоти пулис ва амният нисбати онҳо ба хушунат роҳ доданд. Зеваршоҳи Муҳаммад, хабарнигори ВВС ҳангоми аксгирӣ аз тарафи амниятиҳо ва пулис боздошт шуд. Онҳо дастгоҳҳои аксбардорӣ ва наворбардориашро кашида гирифта, онро пора-пора карданд. Хабарнигорони дигар ҳам, ки барои раҳоии ҳамкасб кӯмак кардан хостанд, мавриди хушунат қарор гирифтанд. Байни хабарнигорон ва роҳбарияти мақомоти марбута дар маҳалли ҳодиса гуфтугузорҳо низ буданд.
Шаҳрдорӣ ба “корвон” рафт, гардед!
Роҳпаймоии тоҷиронро хабарнигорон низ ҳамроҳӣ мекарданд ва сарфи назар аз таҳдиду садгузориҳои мақомоти пулис ва амният онҳо акс мегирифтанд ва наворбардорӣ мекарданд. Вақти расидан ба таги пул селаи мақомоти пулис ва амният бо занон ва ҷавонони тоҷир, ки равона ба ҳукумати шаҳр буданд, рӯ ба рӯ шуданд. Занонро бо истифода аз зӯр (аксу навор ҳаст дар ин маврид) ба қафо баргардониданӣ шуда, мегуфтанд: баргардед, раиси шаҳр ба Корвон рафтааст.
Аммо занон бовар намекарданд ва талош доштанд, ки сафбандии пулисро бори дигар “шикананд” ва роҳи худро идома диҳанд. Санавбар ном тоҷире, ки ба қавли худаш 47 сол дорад, гуфт, “аз субҳи барвақт се соъат дар “Корвон” интизор шудем, аммо раисҳои шаҳр ва бозор наомаданд, акнун меоянд? Не, ман ба назди Қасри президент меравам ва додамро ба президент мегӯям. “Хонаамон сӯхт, ҳама сӯхт, ин чӣ гап аст, доим сӯхтор”!
Ин зан ва даҳҳо нафари дигар, ки аз шиддати стресс, ташнагӣ , роҳпаймоии тӯлонӣ ва ба замми ин дар роҳ бо мақомот “даст ба гиребон” шудан, ҳолати рӯҳиашон чандон хуб набуд, мегирист ва ниёз ба обу кӯмаки тиббӣ дошт. Аммо масъулини пулис ба ҷуз тела додан ва маҷбуран ба қафо гардонидани онҳо, мутаассифона, чораи дигареро салоҳ намедонистанд.
Дар он тарафи роҳ, ки бештар ҷавонон ва занони тифлбадаст мерафтанд, пулис бо сарулибоси касбӣ монеъи онҳо мешуд. Ҳатто бо чӯбдаст ҷавононро таҳдид мекарданд, ҳатто ҷавоне зарби чӯбдастаи пулисро чашид. Ҷавонон мегуфтанд, колояшонро, ки бо қарз овардаанд, сӯхтаанд ва ҳарфи гуфтанӣ доранд бо шаҳрдорӣ . Аммо пулис бо зарби чӯбдаст ва фиристодани дашном онҳоро аз роҳ багардонидан мехост.
Хулоса издиҳом бо ду тарафи роҳи пиёдагард, ба пеш рафтан мехост. Идора кардани ин ҳолат барои пулис ва амниятиҳо душворӣ овард ва пулис тавассути мухобирот аз боло кӯмак хостанд, ки дар пай расид. Ҳатто дар як “Тангем” масъулини пулис сипар ҳам оварданд. Аммо аз сабаби он ки рафтани шаҳрдорӣ ба “Корвон” маълум гардид, онҳо аз роҳ баргаштанд. Пулис бо доштани сипарҳои худ зери пули назди “Текстил”истоданд.
Муқовимати пулис ва амниятиҳо бо занони тоҷир
Аз сабаби тақсимбандӣ шудани тоҷирони роҳпаймо ба ду ҷониб ва иддаи дигареро, ки пулис бо ҳар васила монеъ аз идомаи роҳ мешуд, қисмати андаке ба нақлиёти мусофирбар савор шуда, худро пушти дари шаҳрдорӣ расонидан мехостанд. Вале маълум нашуд, ки онҳо ба ҳадафи хеш расиданд ё не.
Иддае аз хабарнигорон дар издиҳоми мардум дар монда, назари онҳоро пурсидем, ки чӣ мехоҳанд. Ҳамин буд, ки маҷбуран ба масъулини баландмақомтари пулис муроҷиъат кардем, ки занони тоҷир ғайр аз мувоҷеҳ шудан ба мусибати сангин дар асари сӯхтор, дар ҳолати сарсонӣ қарор доранд. Гузашта аз ин, занони бесарпарастанд ва пойи пиёда аз “Корвон” то ин ҷо омадаанду ташна мебошанд, ҳадди ақал онҳоро ба мошинҳо савор карда қафо фиристед. Пулиси рутбадоре ташаккур гуфта, автобусеро манъ дошт ва амр кард, ки мусофиронашро поин карда, занҳои тоҷирро савор намояд. Бо вуҷуди кӯшишҳои боваркунонидани мардум, ки шаҳрдорӣ дар “Корвон” аст ва ба он ҷо баргардед, тоҷирон бо садои баланд мегуфтанд, ки “не, чаро дирӯз касе наомад, чаро саҳар наомад, чаро раиси бозор дирӯз наомад, дурӯғ нагӯед ва фаромӯш накунед, ки маъоши шумо аз ҳисоби андози мост” ва боз чандин “чаро”-ҳои дигар.
Вақте тоҷирон автобусҳои холиро диданд, бовар карданд, ки раиси шаҳр дар “Корвон” аст ва рӯ оварданд ба сӯйи мошинҳо. Фикр мекунам, агар Маҳмадсаид Убайдуллоев саҳар ба маҳали ҳодиса мерафт, савдогарон роҳпаймоӣ намекарданд ва кор то ба хушунат намерсаид. Аммо он чизе шуд, ки интизорашро касе надошт. Ин ҷо бояд як нуктаро иқрор кард, ки мардум то ҷое ба дарки воқеъияти фарҳанги эътироз расидаанд ва аз ин роҳпаймоӣ ё ҳар навъ эътирози дигар огаҳӣ доранд ва даст ба бетартибӣ намезананд.
Вақте мардумро ба “Корвон” оварданд, соъат аз 12 гузашта буд ва ҷаноби Убайдуллоев болои як мошини боркаши калон рост истода, бо мардуми дар он ҷо ҳузур дошта сӯҳбат мекард.
Ҳушдор додани Убайдуллоев аз қувваҳои дигар
Бале, мақоми дуввуми кишвар тоҷирони эътирозкунандаи «Корвон»-ро ҳушдор дод, ки онҳо аз қувваҳои дигар истифода набаранд. Ӯ гуфт: “…ягон доду войи зиёдатӣ лозим нест, ҳамзамон рӯйирост мегӯям, баъзе қувваҳо аз шумо истифода мебаранд, ин ҷо интервю бидеҳ, он ҷо интервю бидеҳ, ин ҷо бирав, ун ҷо бирав. Фоида надорад, даъвои шумо, ғами шуморо аввалу охир Худо, баъд роҳбари давлат ва баъд роҳбари шаҳр мехӯрад”.
Аммо дар ин миён садо баланд мешавад, ки “ҳеҷ касе ғами моро нахӯрдааст”! Ба ҳар ҳол, Убайдуллоев суханронии хешро идома дода, мардумро мутақоид сохтанӣ мешавад, ки агар зинда монад ва то ба охири ваколаташ дар масъулият бошад, иҷрои ин корро зери назорати хеш мегирад, агарчи ин қаламрав марбути пойтахт ҳам нест ва барои ин як моҳ бояд мардум тоқат намоянд. Баъди як моҳ агар кадом таҳаввулоте нашуд, ниёзмандон аз тариқи почтаи электронӣ ва “Фейсбук” бояд барояш бинависанд, касоне аз ин васила истифода бурда наметавонад, шанбе рӯзи қабули раиси шаҳр аст, ба дафтари раис муроҷиъат намоянд, дар он ҷо муроҷиъати ҳар яки онҳо гӯш карда мешавад.
Шаҳрдорӣ зимни суханронии хеш ҳамчунин таъкид кард, ки баъд аз Худои таъоло иҷрои қонун аст ва ин аз талаботи президент, аз ҷумла худи ӯст. Ва ба мардум муроҷиъат карду гуфт, ки адвокат бигиранд, то аз аввал дар асоси қонунгузории кишвар намояндаҳои ваколатдори онҳо шомили тафтишот ва таҳқиқи масъала бошанд. Ва ваъда кард, ки айбдор ҳатман пайдо мешавад ва ин чунин “бонкҳои кишвар ҳамааш қарз медиҳанд, ҳамааш бойбача ва калонча ҳастанд».
Ҷаноби Убайдуллоев ба саволи тоҷире ки чаро бозор зуд-зуд оташ мегирад, посух дод, ки «роҳи нав сохташударо вайрон кардед. Панҷараҳоро шикастед, ҳамаи ин аз маблағҳои шумо сохта шудааст. Барои ҳамин доду вой накунед, ин бозор ҳам нест, номи бозорро ҳаром мекунад. Ин ҷо пулхӯрҳо ҷамъ шудаанд, ман шуморо ба бозори нав, ки сохта истодаам, мебарам.
Дар он ҷо ташноб, толори маҷлис, назорати барқу корҳои ветеринарӣ, оташнишонӣ, ҳама намудҳои хидмат ҳаст”. Аммо «Корвон»-ро ин навбат ба хотири шумо обод мекунам ва ваъда ҳам дод, ки ин корро то мӯҳлате ки масъулияти шаҳрдориро ба ӯҳда дорад, анҷом медиҳад.
Сабоҳат, яке аз тоҷирони «Корвон», ки 4 сол боз дар бозори мазкур заҳмат мекашад, аз шаҳрдорӣ суол кард, ки «мо пул надорем, чӣ хел бозори нав меравем?”.
Як хонуми ҷавон ҳам шикоят кард, ки “милисаҳо маро заданд, чашмам зарб хӯрдааст, бинед, чӣ кор кунам?”…
Ваъдаҳои мутантан ва зарарҳои ҳангуфт
Бо вуҷуд шаҳрдорӣ мепурсид, ки боз савол ҳаст ва садоҳо баланд мешуданд, ки ҳама савол доранд. Маҳмадсаид Убайдуллоев баъди чанд суолу посух ва ироъаи ваъдаҳое мардуми эътирозгарро тарк кард. Ва мо ҳам то рӯзи навиштани ин матлаб, хабари таъсиси комиссиюни вижа ва дар 10 рӯз санҷидани сабабҳои сӯхтор, инчунин пайдо шудани раиси “Корвон” Нуршед Машрабов бо ваъдаи барқарор кардани маконҳои сӯхташуда ва то 5 сол нагирифтани андоз аз тоҷирон шоҳид гардидем, вале аз сарнавишти тоҷирони бекор ва роҳи ҳал пайдо кардани зарари онҳо ҳоло хабаре набуд.