Константин Ромодановский, раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, хостааст, то дар баробари гирифтани изи ангушт аз муҳоҷирони корӣ намунаи ташхиси ДНК-и эшон низ гирифта шавад.
Ромодановский гуфтааст, онҳо дар якҷоягӣ бо Кумитаи тафтишотии Русия дар фикри роҳандозии тарҳе мебошанд, ки бар асоси он, аз шаҳрвандони хориҷии ба ин кишваромада намунаи ДНК гирифта мешавад.
Бинобар иттилои хабаргузориҳо, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Русия гуфтааст, дар давоми соли 2013 беш аз 3 миллион нусхаи изи ангуштони шаҳрвандони хориҷӣ гирифта шуда, аз аввали соли ҷорӣ то ин дам ин нишондод 700 ҳазорро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, изи ангушт аз муҳоҷирони ноболиғи синнашон аз 12 боло низ ба хотири муайян кардани шахсият ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо ҳангоми буду бош дар қаламрави Русия гирифта мешавад.
Ромодановский дар посух ба суоли хабарнигорон, ки “оё гирифтани изи ангушт аз сокинони кишварҳои узви иттиҳоди собиқ шӯравӣ маънои нодида гирифтани ҳуқуқи онҳо нест?” изҳор дошта, ин амал ҳеч гоҳ боиси поймолшавии ҳуқуқи меҳмонони Русия нахоҳад шуд.
Categories
Ахбори рӯз