Categories Uncategorized

Радди шубҳаҳо оиди роҳбарии зан аз нигоҳи шариат

Яке аз муҳимтарин далелҳои мухолифон дар масъалаи ба мақоми раёсату президентӣ расидани зан, ин ҳадиси Пайғамбар (с)  аст, ки вақте хабардор шуданд дар сарзамини Форс (Эрон), духтари Касро идораи умури кашварро бар дӯш гирифтааст, гуфтанд:

لن يفلح قوم ولّوا أمرهم امرأة Яъне: “Комёб намешавад қавме, ки зан уҳдадори умури онҳо бошад.”

Шубҳае, ки аз ин ҳадис матраҳ мешавад ин аст: Агар дар ҷомеае зане бар маснади раёсат қарор бигирад (ҳамчун ҷомеаи Эрони он замон) ин худ нишонгари он аст, ки пас дар он ҷомеа заминаи иҷтимоию тарбиятӣ барои занон фароҳам будааст, ки он ҷомеа риёсати як занро қабул кардааст, ҳамон тавре ки чунин иттифоқ нисбат ба раёсати малика Билқайс дар замони худаш рух дода буд.

Бинобар ин, ба назар мерасад, ки мурод аз ҳадиси Пайғамбари Акрам (с) дақиқан нотавонии зотӣ ва табии зан аст, на ин ки фазои ҷомеа ва тарбияти нодурусти зан сабаби ноуҳдабароии ӯ аз идораи кишвар бошад. Зеро ҳазрати Паёмбар (с) он ҷумларо нисбат ба ҷомеаи араби ҷоҳилӣ нагуфтанд, ки чунин тасаввур шавад, ки чун шароити рушди занон дар онҷо вуҷуд надорад, пас занон аз идораи ҷомеа нотавонанд. Балки ҳазрат ин ҷумларо дар бораи ҷомеае гуфтанд, ки риёсати як занро қабул карда аст, яъне дар он ҷомеа имкони рушди зан фароҳам будааст, ки як зан тавониста дар он ҳукумат намояд.

Бинобар ин, ҳадиси зикршуда ҳамон тавре ки зоҳираш далолат мекунад, гуфтанист: “Зоту сиришту табиати зан барои мудирият ва идораи як ҷомеа муносиб нест, барои ҳамин ҳам ҳар ҷомеае, ки зан дар он мудирият намояд, он ҷомеа ҳалок мешавад”.
Ин яке аз шубҳаҳоест, ки гуфта шудааст.

Дар идома мехоҳем ба ин шубҳа посух диҳем. Ёдамон наравад, ки дар гузаштаҳои дур, гузиниши занон ба маснади раёсат интисобӣ будааст ва на интихобӣ. Заноне мисли Билқайс ё духтари Касро дар Эрон ё Клеопатра дар Мисри бостон ё маликаҳои дигар дар ҷойҳои дигар, аз тариқи ирс бурдан аз падар ё шавҳар соҳиби мақому мансаби давлатдорӣ мешуданд.

Зарфиятҳои ин гуна занон аз шуруъи таваллуд «шукуфо» шуда буд ва дигар ниёзе ба талошу заҳмат барои исботи шоистагӣ ва касби орои аксарият надошт. Барои онон рақобат дар майдони интихоботӣ бемаъно буд. Аммо рақобат буд, вале дар ҳадди хонаводаи 4-5 нафараи подшоҳӣ байни хоҳарону бародарон.

Бар хилофи замони мо, ки касби мақому мансаби давлатдорӣ комилан пайрави қонуни “Бақои аслаҳ” аст ва аз байни миллионҳо нафар, фақат афроди шоистаю лоиқ сазовори он мегарданд. Ҳама дар рақобати бисёр сангин мусобиқа пас медиҳанд. Ин ҷо зарфиятҳоро бояд тадриҷан пур кард ва касе ПРЕЗИДЕНТ таваллуд намешавад.

Пас ин сухан, ки “…Агар дар ҷомеае зане бар маснади риёсат қарор бигирад (ҳамчун ҷомеаи Эрони он замон) ин худ нишонгари он аст, ки пас дар он ҷомеа заминаи иҷтимоию тарбиятӣ барои занон фароҳам будааст, ки он ҷомеа риёсати як занро қабул кардааст”, бояд ин дар ду давраи қадим ва ҷадид баррасӣ шавад; яъне умумият надорад. Дақиқтар ин ки бояд дар ду навъи ташкили ҳукумат баррасӣ шавад: ҳукумати интисобӣ ва интихобӣ. 

Ҳамчунин ин сухан ҳам ки «…дар он ҷомеа (Эрони қадим) имкони рушди зан фароҳам будааст, ки як зан тавониста дар он ҳукумат намояд…»
бо таваҷҷуҳ ба нуктаи боло, қобили қабул нест.

Хуб, вақте духтари Касро дар Эрон малика шуд, мардум дигар ночор риёсати ӯро ҳамчун як зан қабул карданд. Магар мардуми он замон чорае ҷуз ин доштанд?! Оё қабули мардум мантиқан ба шоистагию лаёқати духтари Касро далолат мекунад?!

Ин гуна қазоёи марбут ба занонро бояд дар сатҳи умумӣ баррасӣ кард ва набояд ангушт фақат рӯи мавориди истисноӣ гузошт. Вазъи занон дар гузашта ба куллӣ бо вазъи онон дар замони муосир тафовути ҷиддӣ дорад.

Занон дар замонҳои гузашта нисбат ба мардон камтар аз шароити илмӣ бархӯрдор буданд. Тоифае, ки дасташ аз илму дониш кӯтоҳ бошад, аз ҳар хайру хубӣ маҳрум хоҳад буд ва ҳеҷ роҳеро ба сӯи камолу саодат нахоҳад паймуд. Аммо шароити имрӯза комилан фарқ кардааст. Донишгоҳҳою донишкадаҳо пур аз хонандаи зан шудааст; сатҳи илмомӯзии занон садҳо фоиз нисбати гузашта боло рафтааст. Ҳатто дар мақомоти судӣ ва фаъолиятҳои додгоҳӣ, ҳузури занон чашмгир шудааст. Ҳеҷ ҷо ва ҳеҷ заминаи илмӣ нест, ки аз зан холӣ бошад. Албатта, ҳанӯз ҳам минтақаҳои дурдаст ва маҳрум ҳастанд, ки на танҳо занон, балки мардҳояшон ҳам аз бесаводию нодонӣ ранҷ мебаранд.

Тафовути дигар дар гузашта байни занон ва мардон, ин маҳрумиятҳои иҷтимоӣ будааст. Зан дар тӯли таърих чунон ба кунҷи хона кашида шуд ва чунон аз иҷтимоъ дур монд, ки ин сухан машҳур гашт: “Таърихро мардҳо сохтаанд”. Ҳанӯз ҳам дар баъзе ҷомеаҳо занон ҳаққи раъйдиҳӣ надоранд, чӣ расад ба касби мақомоти раёсатӣ. Фосилаи занон аз иҷтимоу корҳои иҷтимоӣ ба ҳадде дур буд, ки он бечорагон табдил ба ғайбатчӣ, суханчин, лаққӣ ва ғайра маъруф шуданд.

Ғайбатчигӣ ин сафати зотии занон нест, балки натиҷаи шароити зиндагист; агар мардҳо ҳам аз умури иҷтимоӣ дур монанд ва худро фақат маҳдуд ба корҳои дохили хона кунанд, дар ғайбат кардан аз занон ҳам мегузаронанд.

Касе, ки аз иҷтимоъ ҳамеша дур нигаҳ дошта шавад ва нисбати умури иҷтимоӣ тамоман беаҳаммияту бетафовут бошад ва кораш ҳамеша ороиш назди ойина бошад ва умрашро дар умури шахсӣ сипарӣ карда бошад, беягон шакку шубҳа нолоиқу ношоиста хоҳад шуд; чӣ зан бошад, чӣ мард.

Ҳадиси Пайғамбар (с)  низ комилан ишора ба вазъи умуми занон дар даврони қадим дорад.

Бар фарз агар ҳадиси Паёмбари Акрам (с) дақиқан ишора ба зот ва табиати зан дорад (ва на тарбияти нодурусти зан), пас набояд интизори муваффақияти занон дар арсаи сиёсатро интизор дошт, чун тибқи ин фарзия, онон нотавонии зотӣ (!) дар идораи давлат доранд.

Масъалаи “зот”-у “араз”, ки дигар бароятон тавзеҳ намехоҳад. Аммо мо бил-виҷдон дида истодаем, ки чӣ гуна занон дар майдони сиёсат ҷавалон зада истодаанд. Як намунаи бисёр равшанаш садри аъзами Олмон аст, ки чандин сол боз бар ин кишвар ҳукумат дорад ва ҳама ҳам сиёсаташро меситоянд.

Намунаҳои дигар фаровонанд. Дар ин ҷо рӯихати занони дорои ҳокимияти давлатиро мушоҳида намоед: Список женщин — глав государств и правительств http://ru.wikipedia.org/wiki/Список_женщин_—_глав_государств_и_правительств.

Нотавонии зотӣ то ин ҳад?! Боварнакарданист!

Хайруллоҳ Файзуллоев, корбари фейсбук

More From Author

You May Also Like