Хоб мағзро аз маводи заҳрнок поксозӣ мекунад

Ё яке аз зарарҳои камхобӣ – боқӣ мондани маводи заҳрнок дар мағз

Пажуҳишгарони амрикоӣ дарёфтаанд, ки дар ҳангоми хоб мағз аз маводи заҳрнок ва изофӣ пок мешавад. Донишмандон ҳушдор медиҳанд, ки бо ҳамин далел хоби кофӣ барои инсон бисёр зарурӣ аст ва камхобии дарозмуддат метавонад бемориҳои ҷиддӣ биофарад.

Бадани мо монанди як корхонаи печида амал мекунад. Дар як тараф реакторҳое қарор доранд, ки вазифаи сухту созро ба уҳда гирифта, миқдори зиёде аз маводи изофӣ тавлид мекунанд.

Дар тарафи дигар ҳам системаи лимфатикӣ қарор дорад, ки масъули муҳофизат аз бадан дар баробари омилҳои беморизо ва микроорганизмҳои бегона аст, ки барои намуна ячейкаҳои саратониро аз байн мебарад. Аммо ин систем барои берун кардани маводи изофӣ аз мағз кофӣ нест ва ин дар ҳолест, ки мағз организме аст, ки дар он сухту соз бо шиддати тамом идома дорад ва дақиқа ба дақиқа бояд аз он дар баробари прутинҳое, ки ба ячейкаҳои мағзӣ осеб мерасонанд, муҳофизат кард.

Амалиёти поксозии мағз

Тими байналмилалие дар маркази пизишкии донишгоҳи “Рочестер”-и Амрико тайи пажуҳишҳои худ тавонистааст, ба дарёфтҳои ҷолибе дар мавриди амалиёти поксозии мағз бирасад.

Ба муҷиби пажуҳишҳои ин командаи илмӣ, ки натиҷаҳои он дар маҷаллаи муътабари “Сайнс” (Илм) мунташир шуда, маводи заҳрнок ва изофии мағз танҳо тавассути системаи лимфитикӣ аз байн бурда намешаванд, балки дар ин ҷо мағз системаи хосси худро дорад. Ин система, ки номаш “глимфатик” аст, бо ячейкаҳои “гилё”-и худ нақши асосие дар аз байн бурдани моеъи мағзӣ ва маводи изофӣ доро аст ва метавонад бо тавлиди фишор онҳоро аз организми фикрии мо хориҷ созад.

Аммо ин система барои кори худ ба замон ниёз дорад. Донишмандон тахмин мезананд, ки поксозии комили мағз рӯзона ба ҳудуди 7 соат замон эҳтиёҷ дорад ва ин айнан ҳамон замоне аст, ки инсон дар бистари худ хобидааст.

Ба ҳангоми хоб фосила байни ячейкаҳои мағзӣ зиёд мешавад ва об миёни ячейка ба роҳатӣ метавонад ҳаракат кунад, то маводи зиёдатӣ берун шаванд.

Як ҳушдор

Пажуҳишгарон ҳушдор медиҳанд, ба ҳангоми камбуди хоб вазифаи поксозии мағз наметавонад кори худро ба таври комил анҷом диҳад ва ин масъала дар дарозмуддат ба мағз осеб мерасонад.

Ҷамъшавии беш аз ҳадди маводи заҳрнок дар мағз метавонад бемориҳои ба монанди алтсгеймер ё паркинсон эҷод кунад.

Ба ҳамин далел аст, ки донишмандон тавсия мекунанд, ки ба мавқеъ бихобем ва ба мағзамон ба андозаи кофӣ фурсат бидиҳем, то битавонад шуштушӯ шавад. Аммо ин шустушӯ ба ҳудуди 7 соат замон ниёз дорад; шустушӯе ки ба муҳити зист ҳам зараре намерасонад, чунки боқимондаҳои он на танҳо интиқол меёбанд, балки бозёфт низ мешаванд.

Манбаъ: Хабаргузории Олмон

More From Author

You May Also Like