Дар робиат ба қазияи Насрулло Раҷабов, узви ҳизб, ки додгоҳи минтақаи Кӯлоб “барои дашном кардан” ба помидоршапони масъулини ҲНИТ ӯро ба муддати 6 рӯз аз озодӣ маҳрум кард, Муҳаммадшариф Набизод мегӯяд, «ин узви мо табиати дашномдиҳӣ надорад».
Ба гуфтаи Муҳаммадшариф Набизод, раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, «Насрулло Раҷабов узви фаъоли мо аст ва мо ӯро хуб мешиносем, ки табиати дашномгӯӣ надорад».
Ин дар ҳоле аст, ки шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Кӯлоб нисбати Насрулло Раҷабов бо иттиҳоми майдаавбошӣ парванда боз намуда, онро ба додгоҳи минтақаи Кӯлоб фиристод ва додгоҳ гумонбаршударо ба 6 рӯзи ҳабс маҳкум намуд.
Гуфта мешавад, ки ин аъзои ҳизбро дар асоси шоҳидии ду нафар аз тоифае, ки бар сари масъулини ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб помидору тухм андохта буданд, боздошт карда, ба ҳабс маҳкум кардаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки рӯзи 10 – уми июн, баъд аз анҷоми вохӯрии раиси ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб болои раис ва ҳайати ҲНИТ аз ҷониби афроде ҳамла сурат гирифт.