Categories Uncategorized

Даргирии шадид миёни нерӯҳои Урдун ва артиши Сурия

nahzat.tj

Маркази иттилои расноавии инқилоби Сурия бомдоди имрӯз 10 – август аз даргирии шадид байни нерӯҳои низомии Башор Асад ва артиши Урдун дар минтақаи марзии «Тилишҳоб» хабар дод.

Ӽафтаи гузашта нерӯҳои артиши Асад дар ҳамин минтақа ба сӯи паноҳандагони Сурия дар дохили хоки Урдун тирандозӣ карданд, ки дар натиҷаи он як кӯдаки хурдсол ҷони худро аз даст дод.

Ба гузориши «Аларабия» ба нақл аз маркази иттилои расонавии Сурия, даргирии имрӯз ҳеҷгӯна талафоти ҷонӣ дар бар надоштааст.

Бар асоси ин гузориш даргирӣ замоне оғоз шудааст, ки нерӯҳои Асад талош мекарданд, барои таъқиби хонаводаҳои Суриягӣ вориди хоки Урдун шаванд, ки бо аксуламали артиши Урдун рӯбарӯ шудаанд.

Мардуми Урдун ва артиши ин кишвар аз паноҳандагони Сурия, ки бо хонаводаҳои худ вориди хоки ин кишвар мешаванд, ҳимоят мекунанд.

More From Author

You May Also Like