Categories Uncategorized

Масҷиди мазҳабӣ ва туристӣ дар Молейзия

Масҷиди сохта шуда аз “хрустал” дар шаҳри Куоло Трингону дар шимолу шарқи шибҳи ҷазираи Молейзия аст, ки маконе мазҳабӣ ва туристӣ ба шумор меояд.

Ба гузориши “islamworldnews”, Султон Мизон Зайналобидин дар соли 2006 дастури сохти ин масҷиди зеборо содир кард ва бинои он ду сол тӯл кашид, ҳамзамон дар соли 2008 ифтитоҳ шуд.

Масҷиди мазкур пас аз масҷиди “Истиқлол” – и Ҷокарта дуввумин масҷиди бузурги ҷанбии шарқи Осиё ва яке аз зеботарин масҷидҳои молейзӣ ба шумор меояд.

Ин масҷид дар канори дарёчаи маснуии “Ҷобо” дар шаҳри сесадҳазор нафарии Куоло Трингону воқеъ шудааст. Ин шаҳр аз се тараф мушарраф ба дарёи Чин аст. Масҷид гунҷоиши 15 ҳазор намозгузорро дорад ва яке аз минтақаҳои аслии ҷалби турист дар ин шаҳр ба шумор меояд.

More From Author

You May Also Like