Мусулмонони Британияи Кабир барои анҷоми корҳои хайрия дар ин кишвар мақоми аввалро ноил гардиданд. Чунин натиҷагирӣ чанде қабл дар як таҳқиқоти ҷомеъашиносӣ дар кишвари мазкур баргузор гардид. Натиҷаи ин таҳқиқот ҳокӣ аз он аст, ки мусалмонон дар миёни соири ақшори ҷомеъа ва гурӯҳҳои динӣ хайрияи бештареро эҳдо мекунанд.
Ба ин тартиб ба ҳисоби миёна ҳар як шаҳрванди мусалмони муқими Британия 567 $ дар соли 2012 барои корҳои хайрия ҳадя намудаанд. Яҳудиҳо 412 $, масеҳиёни протестант 308 $ масеҳиёни католик 272 $, даҳриҳо бошанд 177 $ ба мақсади адои хайрия ҳадя намудаанд.
Ин нишондод бо таваҷҷӯҳ ба назарсанҷие анҷом пазируфт, ки миёни 4036 нафар шаҳрвандони Британияи Кабир сурат гирифтааст.
Иттилооти ба даст омада натоиҷро тавассути маркази таҳқиқотии «ПЮ» таъйид мекунад, ки 77% мусалмонҳо барои анҷоми корҳои хайрия маблағҳои хайрия ҳадя мекунанд.