nahzat.tj
Ба таваҷҷӯҳи ширкати сайёҳии «Расул сохтумон»
Дар кишвар даҳҳо ширкатҳо ҳастанд, ки ниёзмандонро ба ҳаҷҷи умра мебаранд ва ин амал танҳо воҷиби дастгирист. Аммо гоҳе мешавад, ки барои фоидаи пулӣ шуда, ин ширкатҳо барои иҷрои баъзе амалҳои савоб ба ҳоҷиҳо имкониятҳои заруриро фароҳам намеоранд.
Мо аз ҳоҷие, ки тавассути ширкате ба ҳаҷҷи умра рафтааст, номае гирифтем ва онро ба қазовати шумо, хонандагони гиромӣ мегузорем. Матни нома чунин аст:
«Шукри Худованд, мо имсол як гурӯҳ зоирин моҳи март ба зиёрати маконҳои муқаддас; Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара тавассути хизматгузории ширкати сайёҳии «Расул сохтумон» рафта будем. Албатта, аз ғамхории роҳбалад ва сарварони ширкат миннатгузорем, аммо дар тӯли ҳаҷ баъзе камбудҳоро аз назари мо, ҳоҷиҳо, ошкор кардем ва бисёр хуб мешуд, дар сафарҳои ояндаи зоирин ин ширкат ва ширкатҳои дигар ба инобат мегирифтанд.
Ҳоҷиҳои умра дар ҳар масҷид, ҳам дар Макка ва ҳам дар Мадина ақаллан 40 намози фарзи панҷвақтаро, ки дар ҳашт шабонарӯз баҷо оварда мешавад, бояд бихонанд.
Аммо мо ҳам дар Макка ва ҳам дар Мадина шашрӯзӣ будем ва имкони иҷрои масокини заруриро надоштем. Бинобар ин, зарур аст, ки ба ду шаҳри муқаддас боз дурӯзӣ илова карда шавад.
Пешниҳоди дигари мо аз он иборат аст, ки дар вақти рафтан ва дар бозгашт мо соатҳои зиёдро дар фурудгоҳи Шарҷа беҳуда аз ҳисоби ҳамон 14 рӯзи сафар мегузаронем.
Масалан, дар хатсайри Душанбе – Шарҷа ҳоҷиён дар фурудгоҳ 20 соат ва дар вақти бозгашт боз дар ин аэропорт боз 10 соати дигар мунтазири парвоз менишинанд.
Мо бовар дорем, имрӯз имконияти дигари вуруд ба Арабистони Саъудӣ, ки дар вақти сафар бештар аз як шабонарӯзи ҳоҷиҳо талаф мешавад, будагист.
Масалан, барои ба Туркия ворид шудан раводид зарур нест. Ҳам хати парвоз аз Тоҷикистон ба ин кишвар ва аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҳаст. Чаро имкониятҳои ин хатро истифода бурдан имкон надошта бошад?
Пешниҳоди савум он аст, сафари ҳаҷҷи мо, ҳоҷиҳои суғдиро аз ҳудуди вилояти Суғд ташкил кардан афзалноктар аст, зеро сафар аз фурудгоҳи Хуҷанд барои мо 800 сомонӣ арзонтар, камташвиштар аст.
Ин корро кардан имкон дорад, зеро ҳазорон ҳазор муҳоҷирон имрӯзҳо аз фурудгоҳи Хуҷанд ба Русия парвоз доранд ва онҳо аз тариқи Душанбе намепаранд-ку!
Умедворем, «Расул сохтумон» ва дигар ширкатҳо дар ин ҷода на танҳо суди хеш, балки савоби мо, ҳоҷиёнро низ ба инобат мегиранд.»