Categories Ахбори рӯз

Муколомаи Ҳамкории Осиё оид ба эҳёи Роҳи Абрешим

26 майи соли равон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши “Муколомаи Ҳамкории Осиё оид ба эҳёи Роҳи Абрешим” ба маркази маъмурии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ¬– шаҳри Ланҷоу сафар намуда, худи ҳамон рӯз бо муовини раиси Кумитаи Ҳизби комунистии Чин дар музофоти Гансу Оуянг Ҷиянг ва роҳбарияти Ҳукумати халқии музофоти мазкур мулоқот доир намудааст.
Аз дафтари матбуоти Вазораи умури хориҷа иттилоъ медиҳанд, аснои мулоқот табодули назар доир ба ташаббуси раисҷумҳури Чин Си Зин Пин доир ба бунёди навори иқтисодӣ дар Роҳи Абрешими таърихӣ сурат гирифта, ҷонибҳо таъкид намуданд, ки татбиқи ин ташаббус барои рушди ҳамкорииҳои гуногунҷанба миёни кишварҳо, аз ҷумла миёни Тоҷикистон ва Чин, ки дар сари Роҳи Бузурги Абрешим қарор доранд, аҳамияти фавқуллодаи муҳим дорад.
Дар партави рушди ҳамшарикии стратегӣ миёни ду кишвар ҷониби чинӣ манфиатдории худро ба роҳандозии ҳамкориҳои амалӣ миёни муассисаву ширкатҳои музофоти Гансу бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла нерӯи таҷдидшаванда, кашф ва истихроҷи маъдан, саноати нафту кимиё ва тарбияву табодули кадрҳо баён намудаанд.
Ҳамчунин роҳбарияти музофоти Гансу хоҳиши худро барои роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намудааст.
Бояд қайд кард, ки Музофоти Гансу дар сари Роҳи Абрешими таърихӣ, дар шимоли қисмати марказии Чин ҷойгир буда, теъдоди аҳолиаш беш аз 26 миллион нафар ва маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш ҳудуди 100 миллиард доллари ИМА будааст.

More From Author

You May Also Like