Имрӯз, 12-уми сентябри 2013 шуъбаи шаҳрии КДАМ дар Хуҷанд бо ирсоли номае бо имзои сардори он Тураев Ш. Ғ. ба раиси шаҳри Хуҷанд ва 10 ниҳоди давлатӣ, ки дар таърихи 2-юми сентябри 2013 ирсол гаштааст, аз ин ниҳодҳои давлатӣ хостааст, ки фаъолияти шуъбаи вилоятӣ ва шаҳрии ҲНИТ дар Хуҷандро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Ин 10 адад ниҳоди давлатӣ иборат аз кумитаҳо ва шуъбаҳои заминсозӣ, оташнишонӣ, шаҳрсозӣ, эпидемологӣ, ҳифзи муҳити зист, “Хуҷандобуканал”, барқӣ, корҳои динӣ, “Тоҷиктелеком” ва “Суғдшаҳрофар” мебошанд.
Дар нома омадааст: “Бинобар зарурияти хизматӣ аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки бо ташкил намудани комиссияи фаъолияти бахши шаҳрии (ҲНИТ) дар шаҳри Хуҷанд ва вилоятӣ дар вилояти Суғд будаи ҲНИТ- ро дар бинои воқеъ дар микроноҳияи 20-уми шаҳри Хуҷанд оиди ҷавобгӯ будан ба меъёрҳо ва талаботҳои мавҷуда мавриди санҷиш қарор дода, ба суроғаи мо хулосаҳои худро пешниҳод созед.”
Илҳомҷон Ёқубов, раиси шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ дар Суғд мегӯяд, ки чанд нафар дар ҳоли ҳозир дар қароргоҳи шуъбаи вилоятии ҲНИТ, ки воқеъ дар микрорайони 20-уми шаҳри Хуҷанд аст, ворид шудаанд.
Оқои Ёқубов аз иқдоми шуъбаи шаҳрии КДАМ изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, ки дар қароргоҳи шуъбаи вилоятии ҳизб чи гузашта бошад, ки яку якбора КДАМ аз як ё ду ниҳод не, балки аз 10 ниҳод талаб мекунад, ки онро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Қобили зикр аст, ки вақтҳои охир бо наздик шудани рӯзи интихоботи президентӣ фишорҳои мақомот болои аъзо, ҷонибдорон ва масъулини ҳизб меафзояд.
Чанд рӯз пештар, Давронҷон Қодиров, яке аз фаъолони ҲНИТ дар Хуҷанд мавриди таъқиб ва фишори мақомотҳои маҳаллӣ гашта, аз ӯ хостанд аз ҳизб хориҷ шавад ва алайҳи он баромад кунад. Аммо ӯ ба фишорҳои мақомот тан надод ва дар натиҷа чойхонаи ӯ бо номи “Акбарҷон”-ро ба сабабҳои “санитарӣ” бастанд.
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат