Categories Ахбори рӯз

16% коҳишёбии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон

Сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия дар моҳи апрели соли ҷорӣ 16% нисбат ба моҳи апрели 2014 коҳиш ёфтааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чор моҳи соли 2015 теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатии кишвар 232 ҳазору 429 нафарро ташкил кардааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2% камтар мебошад.

Инчунин, дар чор моҳи аввали соли равон 130 ҳазору 87 нафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан баргаштааст. Ба иттилои манбаъ, дар моҳи апрели соли 2015 шумораи муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ба Русия сафар кардаанд, 68 ҳазору 737 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли 2014 16,5% камтар ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Хадамоти муҳоҷират яке аз сабабҳои кам шудани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия тағйирот дар қонунгузорӣ ва ҷорӣ шудани низоми шиносномаи хориҷӣ аз 1-уми январи соли 2015 дар Русия мебошад.

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар мегӯяд, ки яке аз сабабҳои дигар кам шудани сафари муҳоҷирони меҳнат вуруди 272 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия муваққатан манъ шудааст. Инчунин, буҳрони иқтисодии ахири Русия низ ба ин раванд таъсир гузоштааст.

Хадамоти муҳоҷират пас аз талош ва гуфтугӯҳои зиёд муваффақ шудааст, ки аз ҳар 1000 муҳоҷири депортшуда аз Русия ба як нафар барои дубора ворид шудан ба ин кишвар роҳ кушояд.

More From Author

You May Also Like