TBegin:http://nahzat.tj/uploads/posts/2014-09/1410332240_10643445_786818714701557_1544737153_n.jpg|leftTEndcolorstart:#000000Баҳси доманадор дар мавриди ҳавопаймои мусофирбаре, ки аз Ҳоланд ба Малайзиё парвоз мекард ва дар асари зарбаи номаълуме дар қисмати шарқии Укроин суқут кард, дар заминаи таҳқиқоти муттахасисон ҳоландӣ ба охир мерасад.
Таври маълум, баъд аз натиҷагирии таҳқиқоти ҳамаҷонибаи хеш онҳо эълон доштанд, ки ҳавопаймои мусофирбари Малайзиё дар моҳи июл бар асари зарбаи “ҷисмҳои баландсуръат” сурох ва дар қаламрави Укроин суқут кардааст. Яъне “ин ҷисмҳои баландсуръат” ҳавопайморо ҳангоми парвоз пора-пора кардаанд ва ҳеҷ аломате аз ҷой доштани мушкили фаннӣ ё хатои сарнишинони ҳавопаймо вуҷуд надорад.
Дар фалокати рӯзи 17-уми июл, ки дар наздикии шаҳри Топези Укроин сурат гирифт, 298 нафар, аксаран шаҳрвандони Ҳолланд ҷон додаанд. Маҳале, ки дар он ҷо ҷудоихоҳони Укроин дар набард бо нерӯҳои расмии давлатӣ қарор доранд.
Нахуствазири Малайзиё, Наҷиб Тун Раззоқ ҳам, таҳқиқи мутахассисони Ҳолландро ба инобат гирифта, дар баёнияи худ аз 9-уми сентябр ишора ба он карда, ки ҳавопаймои мусофирбари онҳо бо зарби мушаки замин ба ҳаво дар шарқи Украина суқут кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ҷудоихоҳони Укроин ба такрор эълон доштаанд: силоҳи қодир ба маҳви ҳавопайморо надоштанд.
Вале гузоришҳо аз раванди бархурҳои низомӣ дар ин минтақа далолат бар он мекунанд, ки дар он вақт Русия ба ҷудоихоҳон мушаки замин ба ҳавои «Бук»-ро дар ихтиёрашон гузошта, ки гӯё барои маҳви ҳавопаймои мусофирбар дар баландии 10 км аз он истифода шудааст./colorend