Categories Ахбори рӯз

Зан узви ҲНИТ, шавҳар узви ҲХДТ

Масъулини бахши
ҲНИТ-и ноҳияи Ҷомӣ, ба маркази матбуотии ҲНИТ аз он хабар доданд, ки дирӯз 22
апрел аз тарафи котиби ҷамоати деҳоти ба номи Каленин, Ҷонмаҳмедов Абдулло,
ҳамроҳ бо кормандони ҷамоати мазкур ба хонаҳои аъзои ҲНИТ ворид шуда, аз онҳо
хостааст бо аризаи шахсӣ ва додани нусхаи шиноснома аз ҳизб хориҷ шаванд. Дар ғайри
ин сурат, яъне иҷро накардани ин дастур шуморо мушкилот зиёд мегардад. Шаҳрванд Олимбекова Катабибӣ, ба котиби ҷамоат
гуфтааст, ки чаро моро маҷбур месозед, то ки аз ҳизб хориҷ шавем, дар ҳоле ки
шавҳари ман узви ҲХДТ мебошаду ман узви ҲНИТ ва миёни мо ҳеҷ
мушкилӣ ва хусумат вуҷуд надорад. Дар як
оила зиндагии хуб ба сар мебарем.

Инчунин,
масъулини ҷамоати мазкур дар хонаҳои Суфиев Муҳаммадшариф, Ноибов
Муҳаммаддовуд, Шаҳдоров Муҳаммаднаим, Абдураҳмонов Асомиддин ва даҳҳо нафар
аъзои ҳизб ворид шуда, аз онҳо хостаанд,
ки аз сафи ҳизб хориҷ шаванд.

Лозим ба
ёдоварист, ки фишор болои раиси бахши ҲНИТ
Талбакшо Рустамов дар ноҳияи А.Ҷомӣ ҳамарӯза идома дорад ва аз ишон мехоҳанд аз
сафи ҳизб хориҷ шавад.

Масъулини бахши
ҳизб инчунин илова карданд, ки афродеро, ки аъзои ҳизбанду заминҳои хоҷагии
деҳқонӣ ва бо тиҷорат сару кор доранд, бо баҳонаҳои гуногун масъулини ҷамоатҳо
мавриди фишор қарор медиҳанд.

Ҷонмаҳмедов   Абдулло

More From Author

You May Also Like