Categories Ахбори рӯз

Эъдоми ду нафар ба иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи террористӣ

Дар кишари исломии Покистон ду нафарро бо сабаби даст доштан дар ҳамлаҳои террористӣ ба дор овехтанд. Бояд гуфт, ки аз соли 2008-ум бори аввал дар ин кишвар ҳукми қатл амалӣ карда шуд. Маҳз ҳамлаи ваҳшиёнаи ҷангиёни ҳаракати «Таҳрики Толибони Покистон» ба яке аз таълмигоҳҳои шаҳри Пешовар сарвазирри ин кишварро водор намуд, ки маҳдудияти муваққатии ҳукми қатлро дар Покистон бекор намояд. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи ин рӯйдоди мудҳиш 144 нафар, асосан наврасон ба ҳалокат расиданд. Дар ҳамин ҳол Додгоҳи Покистон нисбат ба Закӣ Ар-Раҳмон Лаҳвӣ, ки дар ҳамла ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дар соли 2008 айбдор мешавад, парвандаи нави ҷиноӣ боз кард. Додгоҳ Закӣ Ар-Раҳмон Лаҳвиро ду рӯз қабл бар ивази гаравпулӣ муваққатан аз ҳабс озод карда буд. Аммо ҷониби Ҳиндустон озод шудани ин ҷинояткори хатарнокро қотеъона маҳкум кард.

More From Author

You May Also Like