Даргузашт ва ба шаҳодат расидани родмарди хирад ва яке аз бузургони дини Ислом, Устод Раббонӣ аз ҷумлаи ҳодисаҳои бисёр нангину ғамборе дар таърихи башарият ба шумор меравад. Марҳум дар тӯли таърихи ҳафтодсолаи худ хидматҳои бузурги таърихиро чӣ дар арсаи байналмилалӣ ва чӣ барои мардуми мазлуми Афғонистон анҷом додааст. Бешак Устод Раббонӣ аз даврони ҳукумронӣ то ин рӯз дар талош ва ҷустуҷӯи барқарории сулҳ дар Афғонистон ва берун аз он буд. Ҳамин аст, ки имрӯз аксар кишварҳои исломӣ ба хотири даргузашти марди сулҳ ва як шахсияти таърихӣ изҳори таассуф карда, ҳамлаи номардонаи хоинони миллату башариятро маҳкум мекунанд. Ин ҳодиса гувоҳи он аст, ки ҳаракати исломӣ ва шахсиятҳои худсохтаи ҷаҳони ислом, ҳадафи аслии ифротгароён дар ҳама шаклаш будаанд.
Қобили зикр аст, ки қарор буд Устод Раббонӣ барои ширкат дар анҷумани 9 –уми ҲНИТ дар рӯзи 24 –уми сентябр ба Душанбе сафар намояд. Аммо бо камоли таассуф аҷал пешдастӣ намуд.
Бинобарин ба хотири поси эҳтиром ва ёде аз ин бузургмарди миллати тоҷик, шахсияти шинохтаи ҷаҳони ислом ва олами сиёсат, фардо дар маркази ҲНИТ соати 11:30 маросими ёдбуде баргузор мешавад. Ҳамзамон тамоми хоҳишмандон метавонанд дар ин маросими ёдбуд ширкат варзанд. Дар охир дар ҳақи ин чеҳраи бузурги диниву сиёсӣ, аз каломи бузурговоре рӯи хат меорем, ки:
Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.