Ахиран чаҳор марзбони тоҷик, ки шаш моҳ қабл
аз сӯйи нерӯҳои “«Толибон»” аснои ҳезумчинӣ дар сарҳади тоҷику афғон рабуда
шуда буданд, озод шудаанд. Мақомоти
кишвар дар пайи як итилооти расмӣ хабар додаанд, ки марзбонони тоҷик дар пайи
музокирот бо нерӯҳои «Толибон» аз асорат бидуни қайду шарт озод шудаанд. Аммо
сухангӯи ин гурӯҳ изҳор доштааст, ки озодшавии асирони тоҷик бо мусоидати амири
Қатар сурат гирифта, марзбононро бе ягон шарту шароит озод кардаанд ва дар
ивази раҳоии онҳо “чизе ҳам нагирифтаанд”.
Ҳамчунин Вазорати
корҳои хориҷии Қатар дар таъйиди ин хабар эълон кардааст, марзбонони тоҷик маҳз
бо мусоидати амири ин кишвар аз асорати «Толибон» раҳо шудаанд.
Дар баёнияи
расмие, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи «Толибон»
нашр кардааст, омада, ки онҳо бо ҳадафи ҳамкориҳои хуб бо мардуми Тоҷикистон ва
тақвияти муносибот дар ояндачаҳор марзбони тоҷикро, ки соли гузашта асир
гирифтанд, бо миёнҷигарии Қатар ба Тоҷикистон супурданд.
Аммо мақомоти
расмии Тоҷикистон мегӯянд, озодии ин марзбонҳо аз сӯи ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон
сурат гирифта, дар иттилоияе, ки хабаргузории расмии “Ховар” нашр
кардааст, аз мусоидати амири Қатар барои раҳоии сарбозон чизе гуфта нашудааст.
Шигифтангез он
аст, ки баъди ин иттилолия тавре вонамуд мегардад, ки гӯё мақомоти кишвар худ
ташаббус нишон додаву асиронро озод кардаанд.
Лозим ба
ёдоварист, ки марзбонони тоҷик, рӯзи 19 декабри соли 2014 ба асорати “Толибон”
афтода буданд. Бар асоси хабарҳо ин сарбозон аснои ҳезумчинӣ аз сӯи «Толибон»
асир гирифта шуда буданд. Аммо чӣ гуна «Толибон» марз убур кардаву сарбозонро
асир гирифта буданд, норӯшан боқӣ мемонад ва касе аз масъулини марзбонӣ
намехоҳанд дар ин бора сӯҳбат кунанд.
Ним сол пеш
мақомоти вилояти Хатлон мегуфтанд, ки онҳо дар як тамоси етелефонӣ бо «Толибон»
ба мувофақа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик марзбонон озод мешаванд. Аммо ин
иқдому суханпароканиҳо танҳо ба хотири худнамоишдиҳиву хол ба даст овардан
буданду бас.
Он замон
даргириҳои шадид дар вилояти Қундузи Афғонистон миёни «Толибон» ва нерӯҳои
давлатӣ сурат гирифту вазъро муташанниҷ сохт ва имкони раҳоии сарбозонро зери
суол бурд. Ҳарчанд пиронсолони қавм хостанд, ки дар озодии сарбозони тоҷик саҳм
гузоранд, аммо ин кор ба онҳо даст надод. «Толибон» водор шуданд, то сарбозони
тоҷикро ба хотири ҳифзи амнияташон аз минтақаи ҷанг ба ҷойи бехатар кӯчонанд.
Аввалин дидору
мулоқоти сарбозони ба ватанбаргашта бо
волидайнашон дар шаҳри Душанбе рӯзи 17 июн баргузор шуд. Интизор меравад баъд
аз муоинаи тиббӣ сарбозон ба хонаҳояшон раванд. Аммо cуоли рӯз ин аст, ки
асирони ба озодӣ баромада хизматро идома хоҳанд дод ё не?