Categories Ахбори рӯз

Афзоиши сармоягузорӣ ба неругоҳҳои хурди барқӣ

Бино ба иттиллои «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» дар соли равон барои бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ дар Тоҷикистон 121, 4 миллион сомонӣ барои барқарорсозӣ ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд истифода гардидааст. Оҷонсии АМИТ Ховар бо нақли қавл аз «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» нигошта, ки аз ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурди «Тоҷ» 1,1 млн. сомонӣ, «Шашболоӣ» -2 млн., «Сангикар»- 12,3, «Фатҳобод»- 2,8, «Питовкӯл» -7,2, «Ширкент»- 8,5, «Ҳорма» -2,3 ва «Марзич» 15 млн. маблағ сарф карда шудааст.

More From Author

You May Also Like