Categories Uncategorized

МАСЪУЛИЯТ ё МАҲРУМИЯТ?

Дар даруни сина чизе доштам, гум кардаам,

Гарчи пирам, пеши муллои дабистонам баред.

Рӯбаҳи омӯхтам аз хеш дур афтодаам,

Чорасозон боз оғӯши найистонам баред.

(Иқбол)

Оре, сиёсате, ки нонро дар каф намениҳад ва боз эмонро аз сина мехоҳад бигирад, барои сарнавишти ҳар миллате нигаронкунанда аст. Таҷрибаи беимонии даврони шӯравӣ ва исломситезӣ бо силоҳи атеизми ҷанговар ва шиъорҳои оташини ҳокимони он аср миллати мусалмони тоҷикро дар комаи ҷаҳолати таърихӣ фурӯ бурд, ки ин беҳушӣ баъди солҳои мадиде ба тариқи мӯъҷизаосо шикаста шуд. Давлатҳое дар гӯшаву канори як қисме аз ҷуғрофиёи ҷаҳон бе иродаи мардум, вале бо иродаи таърих ба вуҷуд омаданд. Зоҳиран чунин ба назар мерасид, ки ин давлатҳо бо истифода аз ин фурсати худододӣ ҳар чӣ зудтар ба асли худ бармегарданд ва аз ин мусибати таърихӣ ибрат мегиранд ва аз ин ғафлат истиғфор мекунанд. Аммо дар муддати на чандон зиёде равшан шуд, ки коргардонҳои ин таҳаввулот дунболи хостаҳо ва ҷуғрофиё ва барномаҳои ҳисобшудаи дигаре ҳастанд, ки шояд ин барномаҳо хатарноктар аз атеизми замони шӯравӣ бошанд. Ин ҷо ба ёди сухани шоири ҳиндӣ меафтем, ки гуфта буд: «Фиръавни замони Мӯсо (а) як Фиръавни содда ва камақле будааст, ки бо куштани фарзандони бани Исроил худашро рӯсиёҳи таърих кард. Агар мисли фиръавнҳои замони мо мардумро шустушӯи мағзӣ мекарданд, бо барномаҳои хосе, ки доранд, дигар мушкил бе ягон чангу дандон ҳал мешуд ва дорои унвонҳои илмӣ ва ҷоизаи Нобел ҳам мешуданд». Оре, марзи истиқлолият танҳо ҳудуди ҷуғрофиёӣ ва таъйини марзҳо нест, балки истиқлолият поярезии як дурнамои устувори миллиест, ки аз тамаддуни миллат сарчашма мегирад ва наслҳо дар дарозои замон бо ҳамаи имконоте, ки доранд, барои он кору пайкор мекунанд.

Миллатҳо дар замони ҳаёте, ки доранд аз ду ҳолат берун нестанд. Яъне эшон ё тамошогари ҳаёти худ ё назоратгари мавташон ҳастанд. Селулҳои ҳаётӣ дар миллатҳои зинда исботи худ дар арсаи илм, дониш, ибтикору ихтироъ ва аҳамият додан дар тавсияи башарӣ бо назардошти имконот роҳашро боз мекунад. Аммо миллатҳои мурда миллатҳое ҳастанд, ки як ҳолати масрафӣ ба худ мегиранд ва дар тамоми соҳаҳо, чӣ фарҳангу сиёсату иқтисод, чӣ илму ҷамъиятсозӣ масрафкунандаанд. Суоле матраҳ мешавад, ки риштаи ҳаётии миллати тоҷик, ки бояд ба он чанг бизанад чист? Қиблаи мурод ва чашмаи ҳаёт дар куҷост? Ҷавоб маълум аст. Бояд бар он чизе баргардад, ки ӯро ҷаҳоншумул карда буд ва ман онро ба таъбири худам «хонаи падарӣ» номгузорӣ мекунам. Ба хонаи падарӣ бояд баргашт, ҷое ки ҳама чиз ошност. Насаби поку наҷибе дорад.

Аз саводи Каъба чун оҳу рамид,

Новаки сайёд паҳлӯяш дарид.

Бо ҳар кӣ дар ҳар чӣ муомила кунем, бояд хонаи падарии мо осеб набинад. Мо бояд инсофан барои дурнамоии давлатдории худамон як таҳлили таърихӣ дошта бошем. Ва бубинем, ки кадом давраи таърихи миллати мо давраи шукуфоӣ, бедории илмӣ ва дигар дастовардҳои бузургест, ки миллати моро ситораи дурахшони ҳама замон қарор додааст. Омили муассири ин дастовард чӣ чиз будааст? Душманони миллати мо ва миллатҳои озодаи дунё хусусиёти коркарди мағзии онҳоро дар ростои осоре, ки аз онҳо боқӣ мондаанд, хуб омӯхтаанд, иллат ва омилҳои онро низ хуб дарёфтаанд ва як тарҳи моҳиронаеро бо зару зӯр барои фосила эҷод кардан байни ин мағзи фаъол ва манбаъи илҳомбахши он бо исмҳо ва расмҳои номафҳум роҳандозӣ намудаанд. Бинобар ин як ақлонияти таммадунситезӣ вобаста ба дигаронро, ки ҳамеша «дигар» аст ва ҳеҷ вақт худӣ нахоҳад шуд, дар шакли як расмияти сиёсӣ дар кишварҳо пиёда намудаанд. Ибни Халдун дар муқаддимаи таърихаш, он ҷо ки дараҷаҳои ҷуғрофиёӣ ва шакли мағзе, ки дар онҳо парвариш меёбад менависад: «Хуросон дараҷаест, ки дар ин дараҷа мағзи фаъол парвариш меёбад ва илмхез аст». Албатта, ин сухан як иддао нест, балки як ҳақиқатест ва дар таърих собитшуда. Аҷиб ин аст, ки гӯяндаи ин сухан як инсони ғайрихуросонӣ, яъне араби Африқост. Аз ин лиҳоз душманӣ ба миллати мо як душманӣ ҳисоб шуда.

Душмани товус омад пари ӯ

Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар китоби «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» менависад: «оре, инқилоб мардуми тоҷикро аз зулми манғит озод кард, вале гирифтории нав овард. Инқлоб тоҷикро аз дасти манғит гирифта, ба дасти пантуркист супурд. Ва зуд ошкор гардид, ки пантуркист бадтар аз манғит будааст. Манғит моро ҷисман нест мекард ва рӯҳан азоб медод, пантуркист маҳви маънавии моро пеш гирифт. Маҳви маънавӣ бадтар аз маҳви ҷисмонист. Осеби маънавӣ инсонро аз ёди таърих, аз мансубияти нажодӣ, аз ифтихори миллӣ, аз бархе хислатҳои муҳими инсонӣ маҳрум мекунад ва ба манқуртият наздик мебарад. Ба ғуломи ҳалқабаргӯш табдил медиҳад («Фитнаи инқилоб дар Бухоро» с.86-87).

Дар қисмати дигари  ҳамин рисола устод Шакурӣ менависад, «Бухоро маркази исломият ва эронияти тоҷикӣ буд. Чуноне ки маълум аст, Бухоро дар ҷаҳони исломӣ пас аз Маккаву Мадина саввумин маркази исломӣ буд. Унвони қуббатул Ислом дошт. Онро Бухорои шариф ва Дорулфохира хондаанд. Маҷмаи илмӣ гуфтаанд ва ҳазрати Мавлавӣ «манбаи дониш номидааст». Бухоро забону адабиёти форсӣ- тоҷикии ҷаҳоншумул, фарҳанги бузурги эронӣ ва тоҷикиро дар домани худ парвардааст. Шӯравиён шуъури халқҳои Осиёи Миёнаро аз ҳамин фарҳанги воло тоза кардан хостанд. Маънавияти исломӣ эрони тоҷикиро аз дили мардум берун афканданӣ буданд. Саркӯб доштани тоҷикон, нест кардани Бухоро бахше аз сиёсати маънавизудоӣ ва исломситезии шӯравиён буд» (ҳамон китоб с. 83). Аз таҳқиқи устод Шакурӣ чунин натиҷа гирифта мешавад, ки ду омиле, ки миллати мусулмони тоҷикро хокистарнишин кард бо дасти ишғолгарони шӯравӣ, яке сиёсӣ, яъне пантуркизм ва дигаре  маънавӣ, яъне исломситезӣ будааст.

Мо дар истеъмори навин ва шакл гирифтани дунёи ҷадид дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҷараён афтидани ин ду омилро аз сари нав мушоҳида мекунем. Сиёсатгузориҳои минтақавӣ чӣ гунае ки ба роҳ афтодааст, маҷрои турктозии навинро нишон медиҳанд, ки нишонаҳои он бар ҳар оқиле равшан бувад.

Дар муқаддимаи рисолаи «Фитнаи инқилоб дар Бухоро», ки бо қалами донишманди тоҷик Пайванди Гулмурод навишта шудааст, аз забони устод Шакурӣ нақле дарҷ гашта, ки «Сталин нақшаи Г. Чечеринро, ки ба суди тоҷикон буд, қатъиян рад кард. Сталин чӣ он гоҳе ки комиссари халқии маллатҳо (Наркомнас) буд ва чӣ он гоҳ ки сардабири ҳизб (Генсек) шуд, ҳама хабарҳо ба дасти ӯ меомад ва бехабар монданаш имкон надошт, ба хусус он гоҳ ки Сталин ба муносибати  тақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёна нақшаи Г. Чечеринро, ки ба суди тоҷикон буд, катъиян рад кард ва лоиҳае пешниҳод кард, ки ба зарари тоҷикон буд. Тамоман равшан буд, ки Сталин нисбат ба тоҷикон ниятҳои нохуб дошт». Пайванди Гулмурод меафзояд, сабаби асосии чунин муносибатро академик Шакурӣ барҳақ дар фарҳанги қавии исломии тоҷикон дарёфта, ки ин мубориза дар ҷаҳони муосир домани бештар густурдааст ва давлатҳои абарқудрат бо ҳар роҳу васила ва баҳона ба соҳибони ин фарҳанг зарба задан мехоҳанд.

Мақсад аз овардани ин иқтибос ва суханҳо барои он аст, ки дар кишмари мо як раванди исломситезӣ дар шакли қонунгузорӣ ва муносибатҳои доираҳои алоҳида дар солҳои ахир оғоз шуда. Маншаъи ин муносибат, ки то як андоза ғайритабиъӣ ба назар мерасад, аз тарафи ин доира бо меъёрҳои умимие, ки дар ҷаҳон машҳур аст, тавзеҳ дода мешавад. Аммо ҳаракат фарогир аст ва марзи мушаххасе дар он дида намешавад. Ҳуҷум ба хонаҳои муллоҳо ва қориёни машҳур ва намоиши онҳо аз ҷониби васоити ахбор, таҳқири одамони ришдор ва занони сатрпӯши мусалмон дар ин чанд моҳи ахир ва ҷамъоварии фитаҳои амри маъруф ва «мӯҳр задан» бар даҳони хатибони масоҷиди расмӣ далели равшани ин муддаост. Ман шакке бар ин матлаб надорам, онҳое ки бо заминачинӣ ҳокимиятро нисбат ба уламои Ислом ва мусалмонон водор ба ин муносибат кардаанд, нияти хайре на барои ҳокимият, на барои миллат ва на барои давлати тоҷикон надоранд. Зеро ин фишор ва беэҳтиромӣ нисбат ба Ислом заминаи як тафаккури зиддидавлатиро дар насли навпои миллати тоҷик ба вуҷуд хоҳад овард. Ва мушорикати мардумро бо ҳукумат ҳамчун шарики боэътимод дар бинои давлати миллӣ ниҳоят коҳиш хоҳад дод. Ин аср муқтазиёти хоси худашро дорад. Ҷаҳон амалан ба ду қутби ақидатӣ, Ислом ва «дигарҳо» тақсим шудааст. Ҳар тасмими носанҷида ва мухолиф ба дастуроти исломӣ, ҳокимият ва масъулинро дар блоки душманони Ислом қарор хоҳад дод. Илова бар ин пешгирии таълим ва маълумоти исломӣ дар ин замони иртиботот кори чандон оқилона нест. Ҷуз бадномӣ ва парокандагӣ натиҷаи дигаре ба бор нахоҳад овард.

Оё имкон дорад, давлате ки асоси иқтисодиёташро шумори зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳад ва бо як давлати муҳоҷиратӣ дорад, табдил мешавад, бо қонунмандии кишвари дигар зиндагӣ мекунад ва имконоти васеъи таълими исломӣ дар он ҷо вуҷуд дорад, даст ба вазъи қонунҳое бизанад, ки ҷуз бадномии сиёсӣ натиҷаи дигаре надошта бошад?

More From Author

You May Also Like