Мақомоти кишвар бо ҳадафи расонидани манобеъи саҳеҳи исломӣ тасмим гирифтанд, то миёни зиндониён Қуръон тавзеъ намоянд. Ин дар ҳолест, ки мақомот мехоҳанд дар зиндонҳо бо зиндониёни ифротгаро, ки Исломро ба шакли дигар ба мардум мефаҳмонанд мубориза баранд.
Ба гузориши хабаргузории “Ирна”, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон дар робита ба ин иқдом гуфт, ки бо тавзеъи Қуръон ба забони арабӣ миёни зиндониён метавон аз тафсирҳои нодурусти ифротгароҳо пешгирӣ ва таблиғоти гурӯҳҳои номатлубро бар зиндониён маҳдуд кард.
Абдуллоҳ Қосимов баён дошта, ки баъд аз он зиндониён дар чанд моҳи ахир алоқаи зиёд ба хондани Қуръон ба забони аслӣ карданд ва битавонанд бо омӯзиши воқеъии Ислом ошно шаванд, Маркази исломии Тоҷикистон наздик ба 1000 ҷилди Қуръон ба забони арабӣ дар ихтиёри зиндонҳои кишвар қарор дод.
Вай иброз дошт, ки дар баробари ин 80 ҷилд китобҳои мазҳабӣ аз сӯи маркази мазкур дар зиндонҳо тавзеъ гардидааст. Ба гуфтаи вай, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ аз тарафи худ миқдори зиёди китобҳоеро мутобиқ ба мазҳаби Имоми Аъзам ҳастанд дар ихтиёри масъулони маҳбасхонаҳо додааст.
Лозим ба ёдоварист, ҲНИТ солҳост, ки тибқи нақшаҳои фарҳангии худ бо аксар зиндонҳои кишвар дар робита қарор дошта, кӯмакҳои молӣ ва маънавии худро расонидааст.