Мақом ва ҷойгоҳи зан дар Ислом

Яке аз олитарин барномаҳои Ислом, ки ин динро саромади тамоми адён қарор дода аст, аз байн бурдани тамоми бе адолатӣ нисбат ба зан буда аст. Ислом бунёни бартариталабиҳои қавмӣ, нажодӣ, ҷинсӣ ва молиро вайрон намуда ва тамоми инсонҳоро аз марду зан, ғанию фақир, арабу аҷам, сиёҳу сафед ва зишту зеборо дар як саф қарор дод.
Ин дини осмонӣ танҳо милоки бартариро тақво ва арзишҳои маънавӣ ва фазоили ахлоқӣ дониста аст. Худованди Мутаол мефармояд:
يا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْناكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَ أُنْثى وَ جَعَلْناكُمْ شُعُوباً وَ قَبائِلَ لِتَعارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَليمٌ خَبيرٌ
”Эй мардум! Мо шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо тоифа ва қабилаҳо қарор додем то якдигарро бишносед, гиромитарини шумо назди Худованд бо тақвотарини шумо аст.”[1]
Аз тарафи дигар, ҳидояти ташреъ, ом ва густарда аст ва ба гурӯҳи хоссе ихтисос надорад ва ҳар кас метавонад аз ин дарёи раҳмати илоҳӣ баҳрае барад ва роҳи такомул ва саодати хешро ҳамвор созад, Худованди Мутаол мефармояд:
إِنَّا هَدَيْناهُ السَّبيلَ إِمَّا شاكِراً وَ إِمَّا كَفُورا
”Мо роҳро ба ӯ (инсон) нишон додем, хоҳ шокир бошад ё носипос.”[2]
Устод Мутаҳҳарӣ яке аз донишмандони муосири ислом мегӯяд:
سیر من الخلق الی الحق
Ислом дар сайри “минал халқи илал Ҳақ” яъне дар ҳаракат ва мусофират ба сӯи Худо ҳеч тафовути миёни зану мард қоил нест.[3]
Намунаҳои таърихӣ, гувоҳии содиқ бар ин муддао аст. Дар тӯли таърих, занони бисёре будаанд, ки қуллаҳои тараққиро дарнавардида ва ба унвони занони намуна ва улгӯ муаррифӣ шудаанд. Худованд барои мӯъминон ба ҳамсари Фиръавн масал зада аст дар он ҳангом, ки гуфт:
رَبِّ ابْنِ لي عِنْدَكَ بَيْتاً فِي الْجَنَّةِ وَ نَجِّني مِنْ فِرْعَوْنَ وَ عَمَلِهِ وَ نَجِّني مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمينَ وَ مَرْيَمَ ابْنَتَ عِمْرانَ الَّتي أَحْصَنَتْ فَرْجَها
”Парвардигоро! Хонае барои ман назди худат дар биҳишт бисоз ва маро аз Фиръавн ва кори ӯ наҷот деҳ ва маро аз гурӯҳи ситамгарон раҳоӣ бахш. Ва ҳамчунин Марям духтари Имрон, ки домони худро пок нигаҳ дошт.”[4]
Ҳамчунин зан метавонад ба мақом ва манзилате бирасад, ки ғазаб ва ризояти ӯ ғазаб ва ризои илоҳиро дар пай дошта бошад. Чунон ки дар ҳадисе аз Расули гиромии Ислом (с) дар бораи ҳазрати Фотима (с) омада аст:
ان الله لیغضب لغضب فاطمة ویرضی لرضاها
”Ҳамоно Худованд аз ғазаби Фотима ғазабнок ва аз хушнудии ӯ хушнуд мешавад.”

More From Author

You May Also Like