Умаралӣ Қувватов: “Ман бовар дорам, ки озод мешавам…”

“Мо минбаъд ба ҳар нафаре, ки ба мо иттилоъ медиҳад, бовар нахоҳем кард. Мо ба ҳама бовар кардем ва дар натиҷа вақти бисёреро аз даст додем.

– Ман бовар дорам, ки озод мешавам ва агар озод шавам, Худо хоҳад, аввалин коре, ки мо мекунем, ин фош кардани ҳуҷҷатҳое хоҳад буд, ки зидди мо ҷониби Тоҷикистон дар мурофиаҳои судӣ истифода кард. Мо мехоҳем мардум донад, ки ҳукумат аз кадом роҳҳо истифода кард”. Ин нуқтаро Умаралӣ Қувватов дар изҳороти аудиёие ки имрӯз 11 – апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи вакили дифоаш, Николай Николаевпахш шуд, иброз доштааст.

Умаралӣ Қувватов худро мухолифи асосии Эмомалӣ Раҳмон дониста гуфтааст, ки то ҳол касеро намебинад, ки воқеиятро ошкоро баён карда тавонад.

“Агар оппозитсия гумон кунад, ки дар Тоҷикистон интихобот шаффоф ва қонун риоя мешавад, ин аблаҳӣ ва ҳамкорӣ ба қонуншиканиҳо хоҳад буд”, – гуфтаст вай.

Хотиррасон менамоем, ки Умаралӣ Қувватов тобистони соли гузашта дар Маскав худро мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон эълон карда, баъди чандин суҳбатҳои телевизионӣ ва интиқоди шадиди сиёсати ҳукумат, 23-юми декабри соли гузашта дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд.

Суд Дубай парвандаи Умаралӣ Қувватовро 10-уми март баррасӣ карда, талаби мақомоти тоҷикро дар бораи истирдоди вай ба Тоҷикистон рад карда буд. Мурофиаи судии Умаралӣ Қувватов, ки дар ҳабси Дубай қарор дорад, 14-уми апрели соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

More From Author

You May Also Like