Categories Ахбори рӯз

Коршиноси рус: Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ худ сабаби нуфузи “ДИИШ”-анд

Таҳлилҳо дар Ховари Миёна ҳокӣ аз онанд, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар
ҳоли тавсиа додани нуфузи бештари худ дар ин минтақа ҳаст ва ба назари ГеворгМирзаян,
коршиноси аршади пажӯҳишгоҳи ИМА ва Канада дар Русия агарчӣ дар худи Русия шояд
барои ниҳодина кардани ин сохторҳо захираи инсонӣ нарасад, вале кишварҳои Осиёи
Марказӣ нисбат ба ин хатарот хеле осебпазир
ҳастанд.

Ҳамакнун аз ҷониби мақомоти ин кишварҳое мисли Қирғизистон, Узбекистон ва
Тоҷикистон расман эълон шудааст, ки аз 2 то 4 ҳазор нафар шаҳрвандони ин
кишварҳо дар сафи ҷангиёни ин созмон фаъолият доранд ва ин шумора дар ҳоли зиёд
шудан аст.

Г. Мирзаян дар мақолааш, ки дар сомонаи “Сентразия” нашр шудааст, таъкид
дорад, ки ба сафи ДИИШ ҳамакнун на танҳо муҳоҷирони меҳнатӣ, балки ашхосе,
мисли фармондеҳи ОМОН-и тоҷик полковник Ҳалимов, ки дигар ба гуфти ӯ “таҳқири
муқаддасоти диниро тоқат накарда, ба сафи ДИИШ пайвастааст”.

Муаллифи ин мақола бар ин назар аст, ки “Давлати
исломӣ” на ҳамчун як проекти ИМА (баъзеҳо ба ин назаранд, ки америкоиҳо ДИИШ-ро
барои ноором кардани авзоъ дар Сурия ва кашондани ҷанг ба марзҳои Эрон сохтанд),
балки аксуламал ба ҳукуматдории номуваффақи нухбагони миллӣ барои сохтани
давлатҳои дунявӣ дар қисмати зиёди ҷаҳони Ислом мебошад. Мардуми кишварҳое
мисли Сурия, Миср, Либия ҳамхонӣ бо давлатҳояшон надоштанд ва аз нухбагони
сиёсияшон бештар дур мешуданд.

Чунин вазъият ба назари Мирзаян дар Осиёи Марказӣ, махсусан
дар кишварҳои Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳукмфармост. Низомҳои
яккатози ин кишварҳо омодаи додани озодиҳо ва ҳатто иқтисодӣ бар ивази касби машрӯъияти
сиёсӣ нестанд. Ин дар ҳолест, ки ин ҳукуматҳо ҳамеша фазои сиёсиро аз рақибонашон
билқувва пок мекунанд, таъкид дорад, ин коршиноси рус.

Таҷрибаи шоҳи Эрон нишон дод, ки аз байн бурдани мухолифони дунявӣ ба он
оварда мерасонад, ки мардуми норозӣ танҳо бо як роҳ ва он ҳам аз тариқи
созмонҳои динии пинҳонкори шабакаӣ муассиртар фаъолият пеш баранд. Ба назари Мирзаян
ин ташкилотҳо гуногун ҳастанд ва гурӯҳҳои мӯътадилашон метавонанд дар муқобили радикалҳояшон
биистанд. Мирзаян инро дар мисоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон овардааст.

More From Author

You May Also Like