Раисҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ таъкид бар он намуда, ки бо камоли майл бо мухолифони ҳақиқӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.
Бино ба гузориши хабаргузории “Форс”, оқои Мурсӣ гуфтааст: “Пешнависи қонуни асосӣ эътирозоти сиёсӣ ва қонуниро барангехтааст ва албатта, ин қобили қабул мебошад. Аммо бархе нафарон инҷо вуҷуд доранд, ки мехоҳанд аз ин эътирозҳо алайҳи пешнависи қонуни асосӣ суистифода кунанд”.
Номбурда бо ишора бар ин ки эътирози мухолифон ба пешнависи қонуни асосӣ ба расмият шинохта мешавад, афзудааст: “Байни мухолифон ва касоне, ки аз молу амволи фосиди худ барои ба оташ кашонидани кишвар истифода мекунанд, тафовут қоил ҳастем”.
Маврид ба ёдоварист, ки аз рӯзи 4- декабр инҷониб бархе аз мардуми Миср дар эътироз ба пешнависи қонуни асосӣ ва ба ҳамапурсӣ гузошта шудани он даст ба тазоҳурот задаанд.