Шоми 2 – юми июл ҷаласаи корӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид.
Тавре аз дафтари матуботи раиси шаҳр иттилоъ доданд, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, барои дастгирии соҳибкорон – воридкунандагони 20 намуди маҳсулоти ниёзи аввалия имтиёзҳои андозӣ татбиқ намуда, дар тамоми бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ тӯли як моҳ аз чинишҳои яквақтаинаи бозорӣ озод карда шаванд.
Ҳамзамон шаҳрдор дастур дода, ки барои баргузории ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар заминаи бозорҳои шаҳри Душанбе ба дилхоҳ субъектҳои соҳибташаббус мусоидат ва нисбати воридоти маҳсулот аз ҷониби роҳбарияти бозорҳо ҳамарӯза пешбурди мониторинг аз тарафи комиссияҳои марбута ба роҳ монда шуда, омодагиҳо баҳри ғановати бозорҳо дар идҳои Рамазон ва Қурбон оғоз карда шавад.