Categories Ахбори рӯз

Панҷ маълумоти аҷоиб

  1. Оё медонӣ?

Замоне ки азон тамом мешавад дуъоят мустаҷоб мешавад, пас маҳрум накун худатро аз дуъо баъд аз такрор кардани азон ва хондани дуъои он.

  1. Оё медонӣ, ки куҷо қарор дода мешавад гуноҳони ту дар ҳоле ки ту намоз мехонӣ?

Паёмбар (с) фармуданд, ки бандаи Худо вақте иродаи адои намозро кард, бо тамоми гуоноҳонаш омада, пас гуноҳонаш бар рӯйи сараш ва гарданаш гузошта мешавад. Чун ҳар вақт ки ба рукуъ ва суҷуд меравад, гуноҳонаш мерезад. Эй касе, ки саросема мехонӣ намозатро ва дар рукуъ ва суҷуд ором нестӣ, суҷуд ва рукуъатро тӯлонӣ кун, то гуноҳонат аз ту дур шаванд.

  1. Оё медонӣ?

Зани накӯкоре фавтид ва ҳар вақт қабрашро зиёрат мекарданд аз хоки қабраш бӯйи гул меомад. Шавҳарашро пурсиданд, ки ин зан дар вақти ҳаёташ ба чӣ кор машғул буд? Шавҳар дар ҷавоб гуфт, ки вай ҳеҷ вақт хондани сураи “Мулк” – ро қабл аз хоб тарк намекард. Пас муборак бод бар он касе, ки хондани сураи “Мулк” – ро барои худаш одат қарор дода ва ҳар шаб қабл аз хоб онро тиловат мекунад.

  1. Оё медонӣ?

Бо хондани “Оятулкурсӣ” баъд аз ҳар намоз фосилаи байни ту ва биҳишт танҳо марг аст. Яъне пас хондани ояти мазкур танҳо марг роҳи дохил шудани туро ба биҳишт манъ мекунад. Аз ин гуфта маълум мегардад, ки хондани “оятулкурсӣ” пас аз ҳар намоз боиси дохил шудани инсон ба биҳишт аст.

  1. Оё медонӣ?

Баъд аз хондани намоз набояд ба зудӣ аз ҷоят бархезӣ. Муддате биншин, зеро малоика баъд намоз барои ту дуъо мекунанд назди Парвардигорат.

More From Author

You May Also Like