Categories Ахбори рӯз

Нигаронии вазири умури дохилӣ аз фоҳишагӣ

Имрӯз, 5 июн дар назди Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия ҷаласаи фаврӣ оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои ахлоқӣ, аз қабили фоҳишагарӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ ва фасодхонаҳо баргузор гардидааст.
Дар иттилоияи дафтари матбуоти ин вазорат гуфта мешавад, вазири корҳои дохилӣ аз зиёд шудани ҷиноятҳои ахлоқӣ дар ҷомеа изҳори ташвиш намуда, аз сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдор ва кормандони масъули мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳо, қатъиян талаб кардааст, ки муборизаро бар зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ пурзӯр намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Ҳамзамон вазири корҳои дохилӣ супориш дода, ки шахсоне, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои бадахлоқона дастрас карда мешаванд, барои муайян намудани касалиҳои олоти таносул, ба монанди масъунияти норасоии бадан (ВИЧ-СПИД), оташак (сифилис), сӯзок (гонорея) ва бемориҳои ноаён, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд, ҳамзамон изи ангуштони онҳо гирифта шуда, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ гузошта шаванд.
Бояд гуфт, оморӣ расмӣ ҳамасола аз афзун шудани теъдоди фоҳишаҳо ва ошкоршавии фоҳишахонаҳо башорат медиҳанд. Тибқи иттилои ахири Кумитаи кор бо занон ва оила, теъдоди танфурӯшон дар кишвар ба 1641 нафар расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2012 338 нафар зиёд будааст. Ҳазамон, теъдоди фоҳишахонаҳои ошкоршуда ҳам дар ин муддат 39 адад зиёд шудааст.
Қаблан дар манобеи хабарӣ гуфта мешуд, дар кишвар 189 фоҳишахона ба таври махфӣ фаъолият мекунад.

More From Author

You May Also Like